Абдуллоҷон касеро халос накарду худ ба даст афтод
АЗ ШКВД Шаҳртуз хабар медиҳанд, ки ҷавоне бо номи Абдуллоҷон ба боварии сокинон даромада, маблағҳояшонро гирифта ба мушкилоти онҳо расидагӣ накардааст.
Милисаҳо Мадраҳимов Абдуллоҷони 29 — сола, сокини шаҳри Турсунзодаро ҳамчун гумонбари ҷиноят дастгир карда, кирдорҳои қаллобии ӯро ошкор намуданд. Муайян гардид, ки Мадраҳимов ба сокинони ин ноҳия, ки пайвандонашон барои содир намудани ҷиноят дар боздошт қарор доранд, ваъда намудаст, ки барои озод кардани онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ мусоидат мекунад.
Ӯ одамонро фиреб дода, изҳор доштаст, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шиносҳои зиёд дорад ва метавонад ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунад. Ӯ аз чанд нафар сокинони ин ноҳия 10 000 сомонӣ гирифта, на корашонро ҳал карду на маблағашонро бозпас овард. Мадраҳимов дар чор ҳолати ҷинояти қаллобӣ даст доштааст. Дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Шахсоне, ки аз ин нафар ҷабр дидаанд, метавонанд ба ШВКД-и маҳалли зисташон муроҷиат намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ