Абдулло Орифов дар Амрико даргузашт
Абдулло Орифов, шоири шинохтаи Узбекистон ва муаллифи суруди миллии он кишвар, дар 75-солагӣ дар Амрико даргузашт. Исмат Хушев – сардабири вебсайти “Дунё узбаклари” гуфтааст, ки Орифов субҳи 5 ноябр дар бемористон ҷон додааст. Ӯ рӯзи панҷшанбеи гузашта ба сабаби аз кор мондани гурдааш дар ҳолати беҳушӣ буд.
Ин шоири шинохта ва қаҳрамони Узбекистон ду моҳи охир дар меҳмонӣ дар хонаи духтараш Мавлуда Орифова дар шаҳри Ҳюстони аёлати Техас ба сар мебурд. Исмат Хушев гуфт, то кунун касе аз намояндаҳои расмии Узбекистон дар Амрико ба вазъи саломати Абдулло Орифов ва ҳамин тавр, даргузашти ӯ таваҷҷӯҳ накардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ