Абдулло Орифов сарвазири Ӯзбекистон мешавад
Ҳизби либерал-демократи Узбекистон, ки дар парлумони ин кишвар аксариятро ташкил медиҳад, номзадии Абдулло Орифовро ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод кардааст.
Бино ба иттилои манбаи бахши узбекии Озодӣ, ки дар ҷаласаи рӯзи 12 декабри ин ҳизб ширкат дошт, Абдулло Орифов ба ҳайси як мутахассиси ботаҷриба бо аксари кулли овозҳо ба ин мақом пешниҳод гардидааст.
Дар қисмати дуюми рӯзи 12 декабр сухангӯи Ҳизби либерал-демократ расман аз пешниҳоди Абдулло Орифов ба мақоми сарвазирӣ хабар дод. Дар назар аст, масъалаи таъйин ба мақоми сарвазири Узбекистон рӯзи 13 декабр дар иҷлосияи Сенати Маҷлиси Олӣ баррасӣ шавад.
Абдулло Орифов 13 сентябри соли ҷорӣ бо фармони Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбекистон, ба мақоми муовини сарвазир таъйин шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ