Абдуллозода дар Маркази миллии тиббии кӯдаконаи шаҳри Тошканд

Дар доираи ҷаласаи панҷуми вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашт, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва вазири тандурустии Қазоқистон аз Маркази миллии тиббии кӯдаконаи шаҳри Тошканд дидан намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни боздид директори маркази мазкур Алишер Шарифов ба меҳмонон таҷҳизоти муосири тиббиеро, ки дар Маркази миллии тиббии кӯдакона фаъолият мекунанд, нишон дод. Дар идома меҳмонон бо кори шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ, ҷарроҳии каминвазивӣ, рентгенология, лабораторияҳои муассиса шинос шуда, ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва шароити мусоид барои будубоши беморон баҳои баланд додаанд.

— Сипас вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар дафтари меҳмонони марказ орзуҳои худро навиштанд. Чун анъана директори марказ Алишер Шарифов ба меҳмонон аз номи марказ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *