Абдуллозода дар Таваллудхонаи №1 аз беморон сатҳи хизматрасониро пурсид
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар таваллудхонаи №1-и пойтахт бо беморон ва хешовандони онҳо вохӯрда, доир ба хизматрасонии ин бемористон суҳбат кард.
Тавре аз вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар доданд, 4-уми ноябр зимни шиносоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар таваллудхона бо беморон ва хешовандони онҳо доир ба вазъи хизматрасонӣ суҳбат оростааст.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо шаҳрвандон иброз доштааст, ки роҳбарияти вазорат ба фаъолияти таваллудхонаҳо, махсусан, саривақт расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба занони ҳомила таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
“Ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба занони ҳомила, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти Таваллудхонаи №-1-и пойтахт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд”,- хабар медиҳад вазорат.Гуфта мешавад, ки дар назди таваллудхонаҳои пойтахти кишвар телефонҳои боварии роҳбарияти муассисаҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон насб карда шудааст. Шаҳрвандон метавонанд дар ҳолатҳои нофаҳмӣ оид ба хизматрасонӣ бо онҳо тамос бигиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ