Абдуллозода: Вазири собиқ боздошт нашудааст!

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабари боздошт шудани вазири собиқи тандурустӣ Олимзода Насим Хоҷаро рад кард.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл дар шабакаҳои интернетӣ хабари боздошти вазири собиқ нашр шуда буд.

Дар хабарҳо гуфта мешуд, ки Олимзода Насим Хоҷа санаи 29 июн боздошт шудааст, вале далели боздошти вай нашр нашуда буд. Аммо имрӯз, 5 август вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ин хабарро рад кард.

Вазир гуфт, ки субҳи имрӯз бо Насим Хоҷа дар ҷаласае ширкат дошт.

“Ҳамон рӯзе, ки ин хабарҳо нашр шуд, банда ба Насим Хоҷаевич занг задам. Эшон дар ҷойи корашон буданд. Ба Вазорати тандурустӣ ҳам дар мавриди боздошти эшон хабаре ворид нашудааст”, – гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ёдовар мешавем, ки Олимзода Насим Хоҷа солҳои 2017-2020 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон буд. Ҳоло вай раҳбарии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи ба номи академик Ҳомид Мансуров аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *