Абдулмӯъмин Шарифӣ — барандаи Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдулмӯъмин Шарифӣ барандаи Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» дар кинофестивали Авруосиё дар шаҳри Москва шуд. Ӯ нақши Қаҳҳорро дар филми «Дов» бозӣ кардааст.
Ҷоизаро коргардони филми «Дов» Муҳиддини Музаффар гирифт.
Тавре ки Муҳиддини Музаффар ба Pressa.tj иттилоъ дод, филми “Дов” 20-уми октябр дар “Хонаи кино”-и шаҳри Москва пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Гуфта мешавад, ки ин 24-умин ҷоизаи филми «Дов» аз ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ