Абдулмуъмин Шарифӣ: Дар интихоби ҳамсар ва касб хато накардаам

Суҳбати ошкоро бо ҳунарпешаи театру синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, офарандаи образҳои хотирмон Абдулмуъмин Шарифиро пешкаши мухлсони ӯ ва ханандагони азиз месозем. 

Абдулмуъмин Шарифӣ кай ба дунё омадааст: 29-уми ноябри соли 1960 ё 20-уми июни соли 1961?

-Расман дар ҳар куҷо ҳар хел навишта шудааст. Масалан, ман дар синфи 10 Холов Муъминҷон будам, ҳамин қадараш дар ёдам ҳаст. Дар билети комсомолиам 29-уми сентябри соли 1961 омадааст. Дар синфи даҳумӣ амакам роҳбари синфамон буд. Рӯзе омада гуфт, ки “Муъминҷон, ту ягон ҳуҷҷат надорӣ”. Баъд аз ин дар фикр афтодам, ки ин қадар вақт чӣ гуна бе ҳуҷҷат таҳсил кардаам? Пас аз ин ба хонаи бобоям рафтам, ки дар ҷамоат чанд сол кор карданду дар қишлоқи ҳамсоя зиндагӣ мекарданд. Гуфтам, ки “бобо, оё ман ягон ҳуҷҷат дорам?”. Бобоям дари сейфашонро кушода, аз даруни ҳуҷҷатҳояшон шаҳодатномаи таваллуди маро бароварданд, ки дар он насабам Холов не, Шарифов омадааст ва дар он рӯзи таваллудам 20-уми июни соли 1961. Пас аз синфи даҳум ба идораи ҷамоат барои гирифтани шиноснома рафтам. Онҷо соли таваллудам 20-уми майи соли 1961 омадааст, ки ин ҳам дақиқ нест. Чандон аҳамият надодам, зеро дар ҳарду сурат ҳам ҳарду хатост. Дар курси сеюм мехондам. Рӯзе ба хона рафта, аз падарам санаи дақиқи таваллудамро пурсидам. Он кас гуфтанд, ки 29-уми ноябри соли 1960 ба дунё омадаам. То ба имрӯз дар ягон ҳуҷҷати расмиам ин сабт нашудааст. Вақте барои худ саҳифаи “Фейсбук” боз мекардам, гуфтам, ки ҳадди ақал дар ҳамонҷо санаи дақиқро нависам.

Дар панҷ театр фаъолият намудаед. Ба фикри шумо, кадоме аз ин театрҳо дар гузаронидани намоишномаҳо фаъолтар аст?

-Албатта, ҳар театр замони худро дошт. Вақте мо донишкадаро хатм кардем, 12 нафарро ба шаҳри Қӯрғонтеппа равон намуданд, ки дар онҷо коргардони беҳтарин — Зафар Ҷавод кор мекарданд. Ман дар онҷо 6 сол фаъолият намудам. Пас аз он, дар соли 1989 ба Душанбе омада, дар театри “Аҳорун“ ба кор шуруъ кардам. То соли 2003 онҷо будам ва баъд маро Султон Усмонов ба Театри Маяковский даъват карданд. Дар тӯли ин фаъолиятҳо аз тарафи театрҳое, ки дар онҳо кор мекардам, ба бисёр шаҳрҳо сафар кардам, бисёр ҷоизаҳо гирифтам. Ҳоло ба Театри ҷавонон расман ба кор қабул нашуда, мо дар он сол 9 ҷоизаи байналмилалиро гирифтем. Ҳар кадом театр замоне барои худаш беҳтарин буд.

Чаро он замонҳо шуҳрати театрҳои тоҷик зиёд буду имрӯз чунон нест?

-Он вақт ҳама чиз дигар буд. Мардум китоб мехонданд, рӯзнома ба даст мегирифтанд, ба намоишномаҳои театр меомаданд. Аслан, ба театр фарҳангиҳо, аҳли зиё меоянд. Вақте имрӯз мардум аз хондан дуранд, кӣ ба театр меояд? Талабот нест. Агар талабот зиёд шавад, театрҳо ҳам шуҳрат пайдо мекунанд. Фарҳангиҳо набояд аз пушти ҷомеа раванд, балки ҷомеаро аз дунболи худ бикашонанд. Як вақтҳо гуфтанд, ки театриҳо ба кӯчаҳо бароянд, мардуми кӯчаро театрӣ кунанд, лек худ кӯчагӣ шуданд. Ин вабо аст ва мо бояд аз ин раҳо ёбем, зеро оқибати бефарҳангӣ нестӣ аст. Давлатҳое, ки нобуд мешаванд, на аз ҷанг, балки аз бефарҳангӣ нест мешаванд. Ҳастии миллат фарҳанг аст.

Шояд сабаби камбинанда шудани театрҳо рӯи саҳна наомадани кадрҳои ҷавон бошад?

-Кадрҳои ҷавон вақте ба театр меоянд, дар онҳо ҳавасмандӣ нест, маош кам, шароит нест ва онҳо маҷбур мешаванд, ки тарки саҳна кунанд. Шояд сабаби кам шудани бинанда 50% айби театриён бошад, аммо 50%-и дигар аз ҷомеа аст. Дар театр, ки ҳавасмандгардонӣ нест, дастгирӣ нест, албатта ҷавонҳои боистеъдод тарки саҳна карда, муҳоҷир мешаванд.

Дастгирӣ умуман нест ё ҳасту кам?

-Дастгирӣ, яъне чӣ? Масалан мардум бояд ба театр меомаданд. Ё масалан он нақшаи пулие, ки барои театрҳо имрӯз мондаанд, театрҳоро ба бозор табдил додааст. Театр — ин хароҷот аст, ҳеҷ вақт ба давлат фоида намеорад. Театр нигоҳдорандаи фарҳанги миллӣ аст. Мо, бадбахтона, камтар аз ин чизҳо дур шудаем. Театрҳо на барои гузоштани намоиши беҳтарин, балки барои пул кор кардан, фурӯши маҷбурии билет намоиш мегузоранд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки намоиши камхароҷотро таҳия намоянд. Ҳамаи ин вазъи театрҳоро бад мекунад. Маҷбурӣ овардани тамошобин ба театр мардумро аз он дур месозад. Агар мешуд, ки ин нақшаҳои пулиро мебардоштанд, бо боварӣ метавон гуфт, тайи 10 сол театрҳо аз нав зинда мешуданд.

Оғози фаъолияти шумо дар театр буд. Ба синамо кай ворид гардидед?

— Намедонам солҳои чанд буд, ки кам-кам ба филмҳо даъват шудам. Абдулҳай Зокиров ба чанд филм ва ҳамин гуна, Муҳиддин Музаффар даъват намуданду ба синамо ворид шудам. Дар аввал даъвати ҳамаро қабул мекунам, аммо агар нақш маъқул нашавад, онро ҳеҷ вақт намебозам. Боре ҳам нашудааст, ки дар филмҳои таблиғотӣ нақш бибозам. Боре хушбоварона дар як филм нақш бозидам, аммо вақте дар мобайни сабт фаҳмидам, ки филми кӯчагӣ будааст, дигар идома надодам. Ин кори ман аз худписандию каттагӣ нест. Синну солам ба ин гуна нақшҳо рост намегирад. Имсол як хатмкунандаи донишкада омад наздам барои кори дипломиаш. Ман қабул кардам, то ӯро дастгирӣ намоям. Аввал сенарияро мехонам, маъқул шавад, қабул мекунам.

Чун инҷо сухан аз даъват рафт, саволе пеш омад. Чӣ шуд, ки Муҳиддин Музаффар шуморо ба филми “Дов“ даъват кард?

-Рӯзе Муҳиддин ба наздам омад ва гуфт, ки “чанд сол боз дар фикри чунин як филм ҳастам ва қаҳрамони асосии он шумоед”. Ман сенарияи онро хондам ва писандидам. Мушкили асосӣ дар он буд, ки қаҳрамон бояд дутор навозад ва дучарха ронад, ки ман ҳардуи инро наметавонистам. Муҳиддин аз Конибодом рӯзе ба ман дучарха ва дутор равон кард, ки бист рӯз машқ кардам. Ҳамсарам ҳар замон таъкид мекард, ки “аз баҳри филм баро, ин корҳо ба синну соли ту намешавад”. Як субҳ хестам, ки тамоми баданам шах шудааст, вале дар филм дучархаро худам рондам.

Эй кош, дар ин умре, ки боқӣ мондааст, ҳамин гуна чанд филм мебуду ман дар онҳо нақш бозӣ мекардам. Орзуи ман ҳамин аст.

Оё аз ҳамин филм ягон лаҳзае буд, ки ба зиндагии шумо шабоҳат дошта бошад?

-Хеле чизҳояш. Агар нафаре ин филмро тамошо карда бошад, солҳои нобасомониҳоро ба ёд меорад. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ман ҳам бозорӣ мекардам. Баъди аз кор баромадан дар бозор савдо мекардам. Мерафтаму аз Ҳисор меваю сабзавот меовардам ва мефурӯхтам. Чанд вақт ҳамсарам низ бозоршинӣ кард. Ҳар мушкилие, ки дар ин филм буд, дар он солҳо дар зиндагии ман ҳам буд. Лаҳзаҳое буд, ки зор-зор гиристам, таҳқирам карданд, пастам заданд. Ҳамеша умед доштам он рӯзҳо мегузаранд ва дар ниҳоят гузаштанд.

“Домуллои асри нав”. Сабаби интихоби шумо дар ин нақш…

-Филми “Автобус” аз тарафи коргардон Абдулҳай Зокиров таҳия шуда буд. Нақши ин филм ба ман бисёр писанд омад, як нақши мазҳакавӣ, ки баргирифта аз замони имрӯз аст. Мо филмро тайёр кардем, пешниҳод намудем, қазоват аз бинанда аст, ки онро чӣ гуна қабул мекунад. Ин ду филме, ки ман бозӣ кардам, яке дар шакли мазҳака, дигаре дар шакли фоҷиа буд. Аз ростӣ, дар ҳарду филм нақш бозидан бисёр душвор буд, вале завқи доштаи ман ба ҳунар маро қаҳрамон дар ҳардуи он кард. Нақш агар писанд бошад, аниқ як чиз мешавад. Чуноне ки мегӯянд, “аз дил барояд, ба дил мерасад”.

Аз зиндагии оилавиатон бигӯед, аз ҷавониҳоятон, аз ошиқиҳоятон…

-Ман аз ошиқӣ дур будам. Ин на он аст, ки мурғи дилам мурда буд. Ман онро ишқ намешуморам, танҳо ҳавас буд. Ба иззати нафси ҷавонҳои имрӯза расиданӣ нестам, аммо аз сад ҳазоронаш яке ошиқ аст. Дар ҷавонӣ шавқу ҳавасҳо зиёд аст, ки инсон на аз рӯи андеша, балки аз рӯи ҷавонӣ амал мекунад ва ин хато аст. Интихоби ҳамсарам аз ҷониби худам сурат гирифта буд. Ҳамсарам ҳамсояамон буд. Ба ман гуфтанд, ки ӯ духтари хуб аст, ҳама мешиносанд, оромтабиату хоксор ва ман ҳам қабул кардам. Имрӯз оилаи хушбахте ҳастем, соҳиби чанд фарзанд. Ман ки аз мушкилиҳои роҳи санъат бохабар будам, аз ростӣ, нахостам ягон фарзандам роҳи маро интихоб кунад. Шояд як сабабаш рост омадани интихоби касби фарзандон ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ҳоло ҳар кадом роҳи худро ёфтааст.

Беҳтарин лаҳзаи умратон…

-Дар зиндагӣ бисёр ҳолатҳо мешавад, ки метавон беҳтаринашон номид. Ман ҳам имрӯз шукр мекунам, ки беҳтарин лаҳзаҳои умрам — ин издивоҷ, ба дунё омадани фарзанд ва гирифтани аввалин ҷоизаам дар синни 48-солагӣ буд. Имрӯз шукр мекунам, ки дар интихоби ҳамсар ва касб хато накардаам.

Агар ҳунарманд намешудед, имрӯз дар кадом самт будед?

-Ман бисёр роҳҳоро интихоб кардам, вале нашуд. Шояд аз уҳдааш набаромадам ё шояд ҳунармандӣ дар хунам буд. Имрӯз, ки синну солам рафтааст, ба худ мегӯям: “Агар ба ман ду гектор замин диҳанд ва бигӯянд, ки чӣ гунае хоҳӣ, истифода бар, шояд ман аз дунёи имрӯз дур шаваму он заминро боғ ва дар он бо тамоми меҳр кор кунам”.

Мусоҳиб: Сумани УБАЙДУЛЛО    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *