Абдулов аз маҳбас озод шуд
Соҳиби ширкати “Олими Каримзод” ва корхонаи нассоҷии “Олим текстайлз” дар ноҳияи Мастчоҳ, ки бо иттиҳоми бозпас надодани 15 миллион доллар қарзаш аз “Тоҷпромбонк” боздошт шуда буд, озод шуд.
Як масъули Боздоштгоҳи мувақатии умури дохила дар ноҳияи Фирдавсӣ тасдиқ кард, ки Ҷамшед Абдулов субҳи рӯзи 20 декабр ба озодӣ баромад. Мӯҳлати боздошти Абдулов дар маҷмӯъ тақрибан ду моҳро дар бар гирифт. Ин масъули боздоштгоҳи муваққатӣ, ки ба шарти нашр нашудани номаш сӯҳбат мекард, гуфт, бо чӣ шароит озод шудани Абдуловро муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ бояд шарҳ бидиҳанд. Аммо наздикони Ҷамшед Абдулов гуфтаанд, ки соҳибкор баъди пардохти пурраи қарзи “Тоҷикпромбонк” озод шуда ва дигар қарздор нест ва ҳоло дар назди пайвандонаш мебошад. Аз оғоз то имрӯз ҳеҷ як намояндаи тафтишот омода нашуд қазияи Абдуловро барои матбуот шарҳ диҳад. Ҷамшед Абдулов қаблан аз “Тоҷиксодротбонк” низ 4 миллион доллар қарздор буд ва дар ҷараёни чиҳил рӯзи дар боздошт буданаш ин миқдор пулро бозпас додааст. Ҷамшед Абдулов молики ширкати “Олими Каримзод” ва корхонаи нассоҷии “Олим тестайлз” дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аст. “Олими Каримзод” яке аз ширкатҳои бузурги содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. То соли 2009 “Олими Каримзод” ширкати фючерсӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо сармоягузории хоҷагиҳои пахтакор машғул буд. Корхонаи нассоҷии “Олим текстайлз” дар Суғд муддатҳои зиёд аз камбуди ашёи хоми нахи пахта бекор монда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ