Абдумаҷид Ҳакимзода сухангӯи Раиси пойтахт

Рӯзи 23 январ бо як тасмими президент Эмомалӣ Раҳмон журналисти собиқадор ва як корманди пешини дафтари матбуоти президент Абдумаҷид Ҳакимзода (дар гузашта Усмонов) раиси шӯъбаи иттилоот ва таҳлили шаҳрдории Душанбе таъин шуд. Ин мақом масъулияти иҷрои вазифаҳои сухангӯро ҳам дар назар мегирад.

Сухангӯи нави шаҳрдории Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода 60 сол дошта, хатмкардаи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар ҷумҳурии исломии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Фаъолияти журналистиро соли 1982 ба ҳайси муҳаррири сардирексияи барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон оғоз намуда дар мақоми муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст.Аз соли 1996 то 2004 сармутахассис ва машваратчии калони Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон буд. Солҳои 2004-2006 дар вазифаи сармуҳаррири идораҳои иттилотӣ, сиёсӣ ва муовини директори Телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Дар солҳои 2006 то 2008 дар мақомҳои муовини директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва аз ноябри соли 2008-ум директори Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” кор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *