Абдумудассир Аҳмадзода – барандаи Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода

Дар фарҷоми соли 2021 Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” – Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода ва мукофоти пулӣ насиби журналисти варзида Абдумудассир Аҳмадзода гардид. Нишони мазкурро сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон ва ҳамзамон муассиси Медиа — холдинги “Оила” Шариф Ҳамдампур зимни як чорабинии мутантан ба Абдумудассир Аҳмадзода эъто кард.

Шариф Ҳамдампур зимни тақдими ҷоиза гуфт:

“Абдумудассир Аҳмадзода аз журналистони таҷрибадор ва шинохтаи кишвар аст. Боиси ифтихори мост, ки ӯ тайи 20 сол дар Медиа — холдинги мо фаъолияти пурсамар дорад. Аҳмадзода қариб 15 сол муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” буд ва обрӯву нуфузи ин нашрияи муътабарро дар ҷомеа нигоҳ дошт. Ҳамчунин, ӯ ба сифати сардабири ҳафтаномаи “Оила” ва сомонаи pressa.tj фаъолияти чашмрас нишон дод. Ҳамин аст, ки ҳайати мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” меҳнатҳои бисёрсолаи ӯро ба назар гирифта, номбурдаро ба ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода лоиқ донистанд”.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҷоизаи мазкур барои силсилаи мақолаҳои таҳлилӣ аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба Абдумудассир Аҳмадзода супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон”  — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода бо мукофоти 2000 сомонӣ аз соли 5-ум аст, ки ба журналистони саршиноси кишвар тақдим мешавад. Ҷоиза ба хотири гиромидошти рӯҳи аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ журналисти варзида Муродуллоҳ Шерализода таъсис ёфтааст.

Абдумудассир Аҳмадзода 6 январи соли 1954 дар шаҳри Панҷакент, дар оилаи муаллим таваллуд шудааст.  Баъд аз хатми мактаби миёна дар деҳаи Ғӯсар, соли 1971 ба шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон дохил гардидааст. Аз устодони бузурги давр ба мисли Воҳид Асрорӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Худоӣ Шарифов,  Абдунабӣ Сатторзода, Абдусаттор Нуралиев сабақ омӯхтааст. Пас аз хатми донишгоҳ як муддат ҳамчун котиби масъули ҷамъияти “Китобдӯстон” (Книголюб) дар ноҳияи Панҷакент фаъолият намуда, аз соли 1978 то соли 1981 муаллими мактаби миёнаи  № 33 дар деҳаи Навобод буд. Минбаъд то соли 1984  дар совхози боғу токпарварии “Навобод” ба ҳайси инженери Мудофиаи гражданӣ ва Раиси кумитаи назорат халқӣ кор кардааст. Соли 1984  ба ҳайси тарҷимони ҳарбӣ ба давлати Афғонистон фиристода шуд. Пас аз адои хизмат то соли 1989 дар ҳамин совхоз ва минбаъд дар Радиои Тоҷикистон (шӯъбаи фарҳанг) ҳамчун хабарнигор фаъолият намудааст. Аз соли 1989 то соли 2003 хабарнигори газетаи “Садои мардум” дар вилояти Суғд шуда  кор кардааст. Соли 2003 ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба кор даъват шуд ва то соли 2017 ҳамчун муҳаррири он фаъолият кард.  Муддате сармуҳаррири ҳафтаномаи “Оила” ва  сомонаи pressa.tj буд.

Муаллифи қиссаҳои “Арӯси Шайхи тиллоӣ”, Ишқи муҳоҷир” ва “Каждум дар бағал” буда,  очерку ҳикояҳояш дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба нашр расидаанд. Ҳамчунин “Ҳикояҳои афғонӣ” (Афганские рассказы) ба забони русӣ зери таҳрири  Рашид Абубакиров   ба нашр расидаанд.

Бо ордени “Ситораи сурх” ва чанд медал, инчунин Грамотаи Совети вазирони СССР мукофотонида шудааст. 

Абдумудассир Аҳмадзода оиладор буда, соҳиби се фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *