Абдураҳмон Ӯзбекӣ ҳам кушта шуд
Низомиёни ИМА аз марги Абдурраҳмон Узбекӣ, як шахсияти наздик ба раҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» Абубакр Ал-Багдодӣ хабар доданд . Бино ба иттилоъи Reuters ин ҳамон нафарест, ки дар арафаи Соли Нав дар амали террористӣ дар клуби «Reina»-и Истамбул даст дошт, ки даҳҳо нафарро қурбон карда буд. Абдураҳмон Ӯзбекӣ аслан зодаи шаҳри Қуқанди Ӯзбекистон будааст, ки баъадан ба сафи ДИИШ пайвастааст. Бино ба гуфти Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, Абдураҳмон Узбекӣ дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти заминӣ дар наздикии шаҳри Майадин маҳв гардид
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ