Абдураҳмонзода таҷрибаи “ифтор”-и худро паҳн карданӣ
Мақомоти ҳукумати ноҳияи Дарвоз дар моҳи Рамазон аз сокинон даъват карданд, ки дар ивази ташкили дастурхони ифтор ба кори хайру ободкорӣ кунанд.
Дар аз рӯзи аввали рӯза ба сокинони аксар ҷамоату деҳот дар ин ноҳия таъкид шудааст, ки аз густурдани дастурхони ифторӣ худдорӣ кунанд. Як масъул дар яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Дарвоз рӯзи 24-уми май гуфтааст,ки дастурро дар ин замина раиси ноҳияи Дарвоз содир кард, хостааст сокинон ба ҷойи оростани дастурхони бошукӯҳ барои ифтор, маблағи худро барои афроди ниёзманд ё ободкории маҳаллу минтақаи худ сарф кунанд.“Дастархонҳое, ки солҳои пеш мекарданд, ҳозир барҳам шудааст ва пули он барои корҳои ободонӣ ва хайрия равона мешавад”, гуфтааст ӯ ба хабарнигорон. Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Бадахшон низ гуфтааст.ки ин иқдом дар пайи гуфтаҳои президент роҳандозӣ шуд ва ҳоло, ба гуфтаи ӯ, дар бархе аз деҳот сокинон бо ҷамъоварии пули ифтор мушкилоти маҳали худро ҳал мекунанд. Саидбурҳон Абдураҳмонзода гуфтааст: “Ин корҳо аз деҳаи Сафедорони ҷамоати деҳоти Сағирдашт шурӯъ шуд. Як роҳе доштанд, ки деҳаро ба маркази ҷамоат мепайваст ва дар фасли сармо тармаву дар баҳор сел омада, роҳ баста мешуд. Онҳо пеши ман даромада пешниҳод карданд, ки маблағи ифторро ҷамъ карда роҳро обод мекунем. Мо гуфтем, беҳтарин кор аст ва булдозерро ба онҳо додему корро шурӯъ карданд”. Абдураҳмонзода ба ин назар аст, ки чунин таҷриба бояд дар қаламравҳои дигари кишвар ҳам роҳандозӣ шавад. Густурдани дастурхони ифтор барои ҳамсояву хешу табор дар моҳи Рамазон миёни мардум дар Тоҷикиситон бисёр роиҷ аст. Дар бисёр деҳоти кишвар хонаводаҳо бо навбат ва вобаста ба имконият як рӯз барои сокинони деҳ дастурхон густурдаву якҷо ифтор мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ