Абдурашид Дӯстумро ҳабс карданд

Ҳамсари президенти  Афғонистон Рӯло Ғанӣ,  ба рӯзномаи “Times”-и Лондон гуфтааст, ки генерал Абдурашид Дӯстум, муовини авали президенти  ин кишвар дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. 

Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии “Ово”, хонум Ғанӣ ба “Times” гуфтааст, “қонун дар мавриди муовини аввали раисҷумҳур иҷро шуда, ҳанӯз дар хонааш аст, вале ба навъе дар зиндони хонагӣ қарор дорад ва дар амал кори расмии давлатӣ анҷом намедиҳад”. 

Изҳори назари бонуи аввали Афғонистон дар мавриди Дӯстум дар ҳолест, ки худи Дӯстум шаби якшанбе дар як пайёми видеоӣ ба ҳаводоронаш гуфтааст, намехоҳад онҳоро дар мавриди бархе ҳарфҳо нигарон бисозад. Ӯ афзуда, “аз рӯзе ки вориди арсаи сиёсат шудам, ҳамеша алайҳи ман тавтеа будааст”.

Дар ин паём Дӯстум ба қарор доштани аз 20 то 30 тонк дар атрофи хонааш дар Кобул ишора мекунад. Вай ҳамчунин мегӯяд, “ман ҳар вақт ки ҳаққи худ ё адолат бихоҳам, чунин чизҳо иттифоқ меафтад”, аммо таъкид мекунад, ки “аз роҳи қонунӣ ва бисёр ба нармӣ” пеш меравад.

Бархе расонаҳои Афғонистон ба нақл аз манобеи наздик ба Дӯстум гузориш додаанд, ки фишорҳо бар ӯ рӯз ба рӯз бештар мешавад, то истеъфо бидиҳад ва ба Туркия биравад, аммо вай ин пешниҳодҳоро рад кардааст.

Қазияи Дӯстум баъд аз он дубора вориди ҷомеаи Афғонистон шуд, ки аз сӯйи Аҳмад Эшчӣ аз мухолифони сиёсиаш, муттаҳам ба бадрафтори ҷинсӣ ва одамрабоӣ шуд. Ин масъала ҷанҷолҳо ва мушкилоти бисёреро барои Дӯстум ба бор оварда, ӯро мунзавӣ кардааст. Ҳоло парвандаи иддаоҳои Эшчӣ дар мавриди Дӯстум таҳт баррасӣ қарор дорад.

Расонаӣ шудани боздошти хонагии Дӯстум дар ҳолест, ки чанд рӯз пештар шабакаи “Тулӯънюз” аз муҳосира шудани хонаи Дӯстум аз ҷониби неруҳои амниятии Афғонистон хабар дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *