Абдурозиқ аз Барон ҷудо шуд? Шарҳи менеҷури ӯ
Абдурозиқи 18-сола, блогер ва овозхони тоҷик, ки бо ҷусаи хурди худ аллакай дар дунё маъруфият дорад танҳо ба Дубай сафар кардааст ва саросадоҳо дар мавриди ҷудо шуданаш аз Барон – рэпери тоҷик, ки ӯро менеҷерӣ мекунад, пайдо шуд.
Рэпери машҳури тоҷик Барон дар “сториз”-и худ ин овозаро аввал бо шӯхӣ тасдиқ кард, ки онҳо бо Абдурозиқ ҷудо шудаанд, вале пасон, гуфт: “Мо бо Абдурозиқ ҷудо нашудаем, балки бо Аморати Муттаҳидаи Араб шартномаи ҳамкорӣ дорем ва сари ҳар чанд вақт бояд ба Дубай сафар кунем. Аз сабабе, ки ман дар вилояти Суғд консерт доштам Абдурозиқро танҳо равон кардам ва насиб бошад рӯзҳои наздик наздаш меравам”.
Ёдовар мешавем, ки Абдурозиқи 18-сола ҳоло аз ҷумлаи овозхонҳо ва блогерони тоҷик аст, ки дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм зиёда аз як миллион обуначӣ дораду дар Ютуб наворҳояшро миллионҳо нафар мебинанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ