Абдурозиқ бо суруди наваш рекорд гузошт
Овозхон ва блогери маъруфи тоҷик Абдурозиқ суруди навашро бо номи “Pyar” дар ютубканалаш “Abdu Rozik” нашр намуд. Суруди мазкур бо забони ҳиндӣ буда, дорои намоҳанг аст.
Ӯ “Pyar”-ро дар Ҳиндустон ба навор гирифта, дар аввал ҳамчун овозхони кӯча, ки мардум бар ивази сурудхонӣ барояш пул медиҳанд, баромад карда, дар охир дида мешавад, ки дар асл одами сарватманд аст.
“Pyar” дар як ҳафта зиёда аз 8 миллион маротиба бозбинӣ шуда, дар ҳоли ҳозир суруди машҳуртарини овозхони тоҷик мебошад, ки дар ин муддат чунин тамошобин пайдо кардааст.
Ҳамчунин, суруди мазкур наздики як миллион “лайк” гирифта, қариб 30 ҳазор нафар зераш шарҳ навиштаанд, ки аксари шарҳҳо бо забонҳои ҳиндӣ ва англисӣ мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ