Абдурозиқ клипи навашро дар Ҳиндустон сабт мекунад
Абдурозиқ Эгамов, овозхон ва блогери тоҷик бо нашри навори камтар аз седақиқагӣ дар ютуб-канали худ аз сабти клипи наваш дар Ҳиндустон хабар дод.
Дар навор дида мешавад, ки Абдурозиқ бо либоси милисагии ҳиндӣ ҷое танҳо ва дар ҷои дигар бо духтаре овозхонӣ мекунад.
Ин аввалин намоҳанги Абдурозиқ аст, ки дар Ҳиндустон ба навор гирифта мешавад. Пештар аз ин, ин овозхони тоҷик дар саҳнаҳои калони Ҳиндустон баромад карда буд.
Ёдовар мешавем, ки Абдурозиқ чандест дар Ҷумҳурии Ҳиндустон кору зиндагӣ дорад ва дар назар аст, ки дар як филм бо Салмон Хон нақшофарӣ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ