Абдурозиқ тугмаи тиллоӣ гирифт
Блогер ва овозхони маъруфи тоҷик Абдурозиқ Эгамов хабар дод, ки ширкати YouTube ба ӯ барои як миллион обуначӣ доштанаш тугмаи тиллоӣ додааст.
Абдурозиқ дар YouTube аз моҳи майи соли 2022 саҳифаи шахсии худро дорад ва дар он бештар сурудҳояшро нашр мекунад. Муваффақияти ӯ дар он аст, ки дар муддати камтар аз як сол тавонист як миллион обуначӣ ҷамъ кунад ва соҳиби тугмаи тиллоӣ гардад.
YouTube тугмаи тиллоӣ ё Creator Awards-ро ба моликони саҳифаҳое медиҳад, ки зиёда аз як миллион обуначӣ доранд. Ширкати мазкур ба масъулони саҳифаҳое, ки зиёда аз 100 ҳазор обуначӣ дорад, тугмаи нуқрагӣ медиҳад.
Саҳифаи Абдурозиқ дар YouTube дуюмин саҳифаи тоҷикӣ дар ин ширкат аст, ки зиёда аз як миллион обуначӣ дорад. Аввалин шуда, саҳифаи “Tamoshow”, ки ба продюсери тоҷик Беҳрӯз Зеваров тааллуқ дорад, соҳиби як миллион обуначӣ шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ