Абдувоҳид Саъдуллозода: Сифати корҳои сохтмонӣ ҳамаҷониба назорат мешавад

Кормандони Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри сари вақт азхудкунии маблағҳои ҷудогардида, сифатнокии корҳои иҷрошуда ва иҷроиши нақшаи пешбинишуда  чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Иншооти нави ҷашнӣ

Бино ба иттилои сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Абдувоҳид Саъдуллозода, нақшаи тасдиқшудаи маблағгузориҳои асосии Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 10400,0 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ҷумла корҳои сохтмону васлкунӣ 9618,2 ҳазор сомонӣ мебошад.

Тавре зикр гардид, аз иншооте, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шуда буд, сохтмонашон аз солҳои пешин идома ёфта истодааст.

Балоиҳагирӣ ва сохтмони “Бинои маъмурии Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон барои 58 корманд” дар шаҳри Бохтар иншооти нав мебошад. Сохтмони иншооти мазкур дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон №110, аз 25.12.2020 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “МГ Партёрҳо”-и шаҳри Душанбе таҳия шудааст.

Бинои сохташаванда аз 5 ошёна иборат хоҳад буд. Ҳаҷми умумии сохтмони бино 6428,19 метри мураббаъ ва масоҳати умумии сохтмони бино 1625,22 метри мураббаъ мебошад.

Дар таҳхона толори хурди варзишӣ, ошхона ва утоқҳои ёрирасон ҷойгир карда шудаанд. Дар ошёнаи якум утоқҳои корӣ ва толори хурди маҷлисгоҳ таҳия гардидааст. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм ва чорум утоқҳои кории кормандон ба нақша гирифта шудааст. Дар ошёнаи панҷуми бино утоқҳои корӣ, хонаҳои хоб ва толори калони маҷлисгоҳ ҷойгир карда шудаанд.

Бинои мазкур иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб рафта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. 

Иҷроиши нақшаи маблағгузории соли 2023

Барои сектори ҳокимияти идоракунии давлатӣ 4300,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар ҳаҷми 3237,9 ҳазор сомонӣ маблағпардозӣ сурат гирифтаву корҳо ба маблағи 3917,4 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудаанд.

Барои балоиҳагирӣ ва сохтмони қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус 1200,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 1168,7 ҳазор сомонӣ маблағпардозӣ гардидаву корҳо ба маблағи 1121,5 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудаанд.

Барои балоиҳагирии бинои маъмурии Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон барои 58 корманд 1300,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудаву дар ҳаҷми 1279,2 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои корҳои лоиҳавӣ 191,0 ҳазор сомонӣ маблағпардозӣ сурат гирифта, корҳо ба маблағи 1215,0 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудаанд.

Барои сохтмони бинои иловагии маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант 1000,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 358,0 ҳазор сомонӣ маблағпардозӣ шудаву корҳо ба маблағи 833,3 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд.

Барои азнавсозии толори МИҲД-и вилояти Хатлон 600,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудаву 600,0 ҳазор сомонӣ маблағпардозӣ сурат гирифта, корҳо ба маблағи 560,7 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд.

Барои барқарорсозии бинои истеҳсолии РСА-и вилоят 200,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо ба маблағи 186,9 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд.

Барои соҳаи маориф 4400,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо ба маблағи 4112,1 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд.

Барои сохтмони мактаб барои 624 хонанда дар ноҳияи Ҷайҳун (марҳилаи якум) 4000,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 3036,4 ҳазор сомонӣ маблағпардозӣ сурат гирифтаву корҳо ба маблағи 3738,3 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд.

Барои сохтмони толори варзишӣ дар назди МТМУ №8 барои 320 хонанда дар хоҷагии Ф. Саидов, ҷ/д Бохтариён, ноҳияи Кӯшониён (навбати 2) 400,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо ба маблағи 373,8 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд.

Барои соҳаи тандурустӣ, баҳри сохтмони биноҳои ёрирасон дар назди Беморхонаи зидди касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара 1500,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 875,0 ҳазор сомонӣ маблағпардозӣ сурат гирифтаву корҳо ба маблағи 1401,9 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудаанд.

Барои соҳаи фарҳанг, баҳри балоиҳагирӣ ва сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Панҷ 200,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо ба маблағи 186,9 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд.

Соли 2023 дар иншооти “Балоиҳагирӣ ва сохтмони қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус” аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ “Рамзи Сомонӣ”-и шаҳри Душанбе ба маблағи 2930,3 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд.

Дар соли ҷорӣ дар иншооти мазкур бинои посбонгоҳ ба маблағи 1200,0 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.

Ташхиси сифатнокии корҳо

Бино ба гуфтаи сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Абдувоҳид Саъдуллозода, вобаста ба сифатнокии корҳои сохтмонӣ ва тарҳрезии лоиҳаи иншоот бо КВД “Лоиҳакаши назди Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон” ва дигар корхонаҳои лоиҳакашӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, ҳамаи лоиҳаҳо сари вақт аз ташхиси давлатӣ гузаронида мешаванд ва дар иншоот корҳои сохтмонӣ аз рӯи лоиҳаҳо сурат мегиранд.

— Бо ташкилотҳои дахлдор дар раванди корҳои сохтмонӣ барои бурдани назорати муаллифӣ шартномаҳо баста мешаванд. Сифати корҳо дар иншооти сохташаванда аз ҷониби Нозирони техникӣ мувофиқи меъёрҳои амалкунандаи сохтмонӣ таҳти назорат гирифта мешавад,- мегӯяд мавсуф.

Раёсат қарздор нест

Ба гуфтаи сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Абдувоҳид Саъдуллозода, Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҳисоби музди меҳнати кормандон, андозҳои давлатӣ, барқ ва хизматрасонии коммуналӣ қарздор намебошад.

— Оид ба вазифаҳои Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар нимсолаи дуюми соли 2023 дарҷ менамоям, ки ҳама қувваро барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид равона менамояд. Ҳамзамон, барои сари вақт аз худ намудани маблағҳои ҷудошуда, омода намудани иншооти ба истифода додашаванда, назорати корҳои иҷрошуда, сифати корҳои сохтмонӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ кормандони Раёсат кӯшиши ҳамаҷониба менамоянд,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *