Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Тоҷикистон меояд
Варзишгари маъруфи ММА (набарди омехта) Ҳабиб Нурмуҳаммадов эълон кард, ки расо баъди як моҳ дар Тоҷикистон нишасти хабарӣ ва бо мухлисон дидор хоҳад кард.
Нурмуҳаммедови русиягӣ, ки чанде пеш дар Ўзбекистон қарор дошт, дар твиттери худ навишт, ки 17-уми июл дар Тоҷикистон нишасти хабарӣ доир хоҳад кард ва албатта вохўрии ӯ бо мухлисон низ ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯро дар ин сафар падараш ҳамроҳӣ хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ