Ҳабибуллоев медонад, ки барои ғалаба чӣ кор кунад

Имрӯз соати 16.00 дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми КФО (АФК)-2017 миёни дастаҳои  «Ҳосилот» (Тоҷикистон) ва   «Дордой» (Қирғизистон) баргузор мешавад.

Сомонаи ФФТ ба таваҷҷуҳи мухлисони сершумори футболи тоҷик мерасонад, ки вохӯрии мазкури ҳалкунанда, ҳамзамон аз тариқи саҳифаи Mycujoo.tv-и федератсия намоиш дода мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки бозии якум байни ин дастаҳо 21 феврал дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи «Дордой» анҷом ёфта буд.  Дар нишасти қабл аз бозии матбуотӣ сармураббиён ва капитани ҳарду даста  изҳор доштанд, ки фақат барои пирӯзӣ ба майдон мебароянд. Барои «Ҳосилот» дар ин бозӣ  танҳо ғалаба зарур аст. Аз ин рӯ, мухлисонро набарди шадиди шавқовар интизор аст.

Дар нишаст рӯзноманигорон сармураббии «Ҳосилот» М. Ҳабибуллоевро донандаи хуби тактикаи «Дордой» дар замони сармураббии «Регар-ТадАЗ» буданаш номида, таъкид доштанд, ки ин даста дар вохӯриҳои ниҳоии Ҷоми раиси КФО борҳо «Дордой-Динамо»-и Қирғизистонро мағлуб карда,  ин ҷоизаро якумрӣ соҳиб шудааст. Бинобар ин, умед доранд, ки дар  «Ҳосилот» ин анъанаи некро идома хоҳад дод. Ҳабибуллоев дар ҷавоб гуфт, ки ғолиб дар майдон маълум мешавад, аммо ӯву зердастонаш тактикаашонро дар  бозии ҷавобӣ хеле дигар кардаанд ва ба дастгирии қавии мухлисон такя менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *