Аблаҳе аз бом биафтад, гардани мо бишканад!

Дар саҳифаҳои facebook қатори музахрафот нигоштаҳое пайдо мешаванд, ки олимонаю одилонаанд. Яке донистаю нодониста санг бар сари бузургони миллат мезанаду моҷаро бармеангезад, дигаре хуни ҷигар мехӯраду намегузорад, ки аблаҳи аз бом фитодаро гардан шиканад. Моҷарои барангехтаи Рустами Ҷонӣ аз ин ҷумла аст.

Пас аз эълон намудани озмуни “Тоҷикон” – оинаи миллат” аз ҷониби Президенти мамлакат, журналисти муқими Аврупо Рустам Ҷонӣ дар матлабе таҳти унвони “Тоҷикон” шафоат намекунад” шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуровро “зери таъсири ғояҳои марксистӣ ленинӣ навишта шудааст” ва “шеваи нигориш ва муҳтавои он, чун асари таърихӣ, барои баҳс ва муколама аст” гӯён мавриди интиқоди бепоя қарор дод. Ин нигоштаи Рустами Ҷонӣ баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард, ки чанде аз онро пешкаши шумо мекунем.

ШАРИФ ҲАМДАМПУР

— Ман аз чида-чида гуфтани ҳарфҳо ба иртиботи баҳои носазои Рустами Ҷонӣ нисбати академик Бобоҷон Ғафуров ва китоби ӯ — “Тоҷикон” худдорӣ мекунам. Ва таъбири ӯ — “бар гардани мардум бор кардан”-и “Тоҷикон”-ро таҳқир ба унвони миллати тоҷик медонам.

Афсӯс, ки “Фейсбук” забони кӯтаҳи ҳарзагӯёнро бо ҳарфҳои часпону ночаспонашон дароз кард. Зеро як тоифаи фаъоли он ҳатто ному насабашонро ба душворӣ ва пурхато менависанд. Аммо аз худ аллома метарошанд, неш мезананд, заҳр мечаконанд…

Рустам, намегӯям, ки ту аз ин тоифаӣ. Тоифаи дигаре ҳам ҳаст: каждумтабиатон. Медонӣ чӣ хислате доранд онҳо? Дар батн шиками модарро мехӯранду медаранду берун меоянд, неш бар сангпуште мезананд, ки саворашанду онҳоро аз рӯдхона мегузаронад.

Ту ҳам даъво ба ҳукумате дорӣ, ки дар батни он ҷӯшидаю пухтаю расидаӣ.

Ту пой бар дастархоне мегузорӣ, ки аз он хӯрдаю нӯшидаю ишрат варзидаӣ.

Ин интихоби ту, ин бардошти ахлоқи туст!

Барои ман Бобоҷон Ғафуров, китоби ӯ — “Тоҷикон” муқаддасанд. Аммо ту дидаю дониста заҳри ҳалоҳил бар ин муқаддасот мечаконӣ, ки косаи сабрро лабрез месозад.

Ту ба дарахти муқаддаси пурбори боғе санг меандозӣ, ки банда чиҳил сол дар он деҳқонӣ кардам. Ҳосили ин деҳқонӣ филми мустанади “Сурӯше аз ниё” (русӣ ва тоҷикӣ) ва китоби “ТОҶИКОН дар суҳбати Ғафуров бо Сталин” аст, ки дар Душанбе ва Маскав ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп шудааст. Ва боз даҳҳо тадқиқотҳои дигар. Барои ин кор касе ба ман ташаккур нагуфтааст, ҳатто мукофоти музофотии ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро сазовор надидаанд. Ҳол он ки, китоби зикршуда ягона тадқиқот ва “Академик Гафуров” ягона филми мустанад аз рӯзгори ин аллома дар тӯли 115 сол аст. Ин ба банда ҳуқуқи маънавӣ медиҳад, ки дар бораи Бобоҷон Ғафуров ҳарф занам ва посух ба сангандозон ва ревизионистони “Тоҷикон” гӯям.

Ман фарзанди тоҷику Тоҷикистон, чун Лоиқу Гулназар зодаи водии Зарафшон ва берун аз мафкураи маҳалгароӣ ҳастам.

Бобоҷон Ғафуров зодаи фарҳангистони Хуҷанди бостон ҳастанд. Аз ин ҷост, ки маро наметавонӣ ба ҷурми маҳалгароӣ муттаҳам созӣ. Шояд агар дар бораи Чинор Имомов менавиштам, метавонистӣ ин тавқи лаънатро бар гарданам бубандӣ. Ҳол он ки, ӯ низ чун Бобоҷон Ғафуров фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст ва хизматҳои бузурге дар бунёди давлати тоҷикон дар замони Шӯравӣ кардааст.

Аммо ту ҳуқуқи маънавии дар бораи академик Бобоҷон Ғафуров ҳарф задан надорӣ! Ту куҷову Бобоҷон Ғафуров куҷо!? Даст ба рӯи сина гузору иқрор шав, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро нахондаӣ, ҳатто рӯйхати маъхазҳои дар он истифодашударо варақ назадаӣ. Агар ин корро мекардӣ, чунин ҳарза намегуфтӣ!

Озмуни қироати китоби “Тоҷикон” давоми мантиқии чопи китоб аст. Китоб дар ҳар хонадон роҳ ёфт. Шояд барои аксарият он зеби хона аст. Аммо, замоне, ки онро аз тариқи радио, телевизион қироат мекунанд, лоақал таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, ки онро ба даст гиранд, варақ зананд. Агар ба ҷои ин ҳарфҳо ту ҳам китоби “Тоҷикон”-ро ҳамчун нотиқ аз тариқи радиои “Имрӯз”, ки дар он ҷо камол ёфтию нону ном пайдо кардӣ, қироат менамудӣ, ҳама “Мошолло, Рустами Ҷонӣ!” мегуфтанд.

Рустам, ҳама мардуми мусулмон дар хона китоби муқаддаси “Қуръон” доранд. Ту гумон мекунӣ, ки яксар онро хондаанд, ё мехонанд? Албатта не! Аммо будани онро шаҳодат аз мусулмониашон медонанд. Чӣ боке, агар дар радифи он китоби “Тоҷикон” бошад, ки шаҳодат аз тоҷик буданашон диҳад!? Яке китоби муқаддаси динӣ аст, дигаре китобест, ки дар вуҷуди ҳар тоҷик ифтихори миллӣ бедор кардааст ва миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтааст.

Хоҳиш мекунам, ки ҳафтафаҳмҳо ин суханонро дуруст фаҳманд ва ба тарзи худ тафсир накунанд.

Рустам, медонӣ дар бораи Бобоҷон Ғафуров, ки ӯро марксист — ленинист мехонӣ (ё аз забони муаллиф чунин муаррафӣ мекунӣ), Президенти Ҳиндустон Зокир Ҳусайн (мусулмон), ки манфиати садҳо миллион мусулмонони дунёро ҳимоя кардааст, чӣ мегӯяд? Иқтибосе меорам аз китоби “ТОҶИКОН дар суҳбати Ғафуров бо Сталин”. Таҳаммул кун, онро мутолиа намо. Ин посух ба ту ва амсоли ту ашхосест, ки “Бобоҷон Ғафуров кист?”мегӯянд.

Соли 1989 дар киностудияи “Тоҷикфилм” филми мустанади “Сурӯше аз ниё”-ро (дар бораи академик Ғафуров) омода месохтам. Ҷумҳурӣ дар дами 80-солагии Бобоҷон Ғафуров қарор дошт. Бо коргардон Восеъ Мӯсо (ҷояш ҷаннат бод) шабҳоро дар киностудия рӯз мекардем. Субҳи як шоми шабзиндадорӣ дар даҳлези ин даргоҳ бо коргардони маъруфи тоҷик рӯ ба рӯ омадам. Ӯ дар баробари ман қарор гирифт ва пурсид: “Ба чӣ кор машғулӣ?”. Дар ҷавоб гуфтам: “Филми мустанад дар бораи Бобоҷон Ғафуров омода месозам”. “Ғафуров кист, ки дар борааш филм месозӣ?”,- гуфту бо қаҳр аз наздам дур шуд. Он замон ҳанӯз ҷавон будам, посухи мувофиқе надоштам, ҳарчанд филм худ посухи эътирози ӯ буд. Ӯро баъдан танҳо дар минбарҳову оинаи нилгун медидам. Мехостам боре рӯ ба рӯяш қарор гирам ва пурсам: “Медонӣ Ғафуров кист?”. Ва фурсат барои даҳон боз кардан намедодаму лаҳзаеро аз мулоқоти Бобоҷон Ғафуров бо Президенти Ҳиндустон Зокир Ҳусейн нақл мекардам.

Бобоҷон Ғафуров ва Зокир Ҳусейн рӯи қолин рӯ ба рӯи ҳам менишинанд. Онҳо тӯлонӣ, бо табассум ба чеҳраи ҳамдигар синчакорона назар меандозанд. Баъд аз лаҳзаи хомӯшӣ Ғафуров  ба Зокир Ҳусейн рӯй оварда, мегӯянд: “Ту бузургтарин мусулмон дар ҷаҳон ҳастӣ! Ту дар давлати ҳиндуҳо Президент шудӣ!”. Хомӯшии тӯлонӣ фазоро фаро мегирад. Баъди каме ғарқи андеша шудан Зокир Ҳусейн сарашро боло мекунад ва нигоҳашро ба нигоҳи Ғафуров дӯхта, мегӯяд: “Ин ту бузургтарин мусулмон ҳастӣ! Ту суннати ниёконро фаромӯш накардӣ ва дар давлати бединон ба мақому мартабаи бузург соҳиб шудӣ! Ту марди хирадманд ҳастӣ, Ғафуров!”.

МИРБОБО МИРРАҲИМ

— Имрӯз яке дар имрӯз ба номи имрӯз бар сӯи китоби таърихие бо нестангории таърих ва худшиносии миллии тоҷикон арросе баланд кардааст, ки ба ҷуз ҳангоси хар ва маъоси гови бешир чизе нест, зеро таърих ва китоби таърихии дақиқан панҷоҳ сол пеш навишта шуда, моли падари имрӯз нест.

Он замон ва он рӯз… соли 1972.

Авоили тобистон, гӯё дирӯз буд. Саҳни ҳавлии Донишгоҳи омӯзгорӣ.  Устод Холиқи Мирзозода бо ҳамон зебоӣ ва қадамзании ба худ хос вориди он шуданд ва дар канорашон Носирҷон Маъсумии азизу нотакрор, ки доимо аз табассум гул мекарданд. Имрӯз низ саҳнаҳои ҳамроҳ роҳ рафтан ва суҳбатҳои он бузургон аз пеши назарам дур намераванд. Мо чанд нафар аз донишҷӯёни Донишкадаи суханшиносӣ ва таърих дар канори пиёдароҳ истодаем ва бо эҳтиром ба онон дуруд мефиристем. Ногоҳ Устод Холиқи Мирзозода аз роҳ рафтан бозмеистанд, ба тарафи Носирҷони Маъсумӣ нигоҳи пурмазмуне карданд ва ба мо рӯй оварданд:

— Бачаҳо, хабари навро шунидед? Ва суханашонро давом доданд:

— Нохалафон китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро сӯхтаанд.

Чанд рӯз пештар аз ин таърих китоби “Таджики”-ро устод Холиқ Мирзозода, ки ба мо рӯнамоӣ карда буданд, афзуданд:

— Имрӯз дар дунё ду миллат бо номи хеш китоб доранд: юнониён ва тоҷикон. Дар шӯравӣ бо номи (исм) миллат, ба вижа агар он муқими Иттиҳоди Шӯравӣ аст, чоп кардани китоб бисёр душвор ва ҳатто ғайриимкон буд. Ин тилисмро Бобоҷон Ғафуров (18-31.12.1908-12.07.1977) шикастанд ва миллати моро соҳиби китоб карданд. Ин китобро ҳар нафар аз шумо бояд бихонед ва дарк кунед. Он шояд ба забони модарии мо низ тарҷума ва чоп шавад…

Мо бо китоби “Таджики”-и Бобоҷон Ғафуров ва шеъри Лоиқи бузург калон шудем ва пой ба арсаи илму сиёсат гузоштем ва ҳеч вақт пушаймон нестем, ҳарчанд насли мо сӯхтааст…

Охирҳои моҳи майи соли 1977. Маҷлисгоҳи бузурги бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон. Кормандон ва донишпажуҳони Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро ба ҷаласаи мулоқот бо Бобоҷон Ғафуров даъват карданд. Назди дари даромадгоҳи бинои КМ ҲКТ устодон Аҳрор Мухторов ва Муҳаммадҷон Шукуровро дучор омадам. Аҳрор Мухторов дасти маро гирифта, гуфтанд:

— Биёед бо мо, дар қатори аввал мешинед…

Он рӯз ман нахустин бор Бобоҷон Ғафуровро аз наздик дидам. Марксист будан ё ленинист бароям фарқе надошт. Он кас тоҷик буданд ва бо камоли адаб дасти росташонро рӯйи сина гузошта, ба ҳуззор таъзим намуда, арзи салом карданд ва аз аҳли толор хоҳиш намуданд, ки кафкӯбиро бас кунанд ва дар ҷойҳои худ биншинанд. Он рӯз дар таърих барои ман ҷашн буд…

Бобоҷон Ғафуров 12-уми июли соли 1977 дори фониро дар Душанбе тарк гуфтанд ва дар Боғи устод Айнӣ ба хок супурда шуданд. Он рӯз мо мотами миллӣ доштем… Чанде баъд Мирзо Турсунзода ва Маҳмудҷони Воҳидро низ бо худ бурданд ва мо хурд шудем…

Ҳар сол, то соли 1992 дар авоили моҳи май ман фарзандонамро бо худ ҳамроҳ гирифта, бо гулдаста ба зиёрати оромгоҳи Бобоҷон Ғафуров мерафтам ва дуъои “Фотиҳа” мехондам…

Он рӯзи соли 1972 дар Ишқобод Конфронси бузурги илмии Осиёи Марказӣ баргузор шуд ва Бобоҷон Ғафуров дар ҳузури бузургони илм  китоби “Таджики”-ро рӯнамоӣ карданд…

Пас аз он рӯз дар маҷаллаи “Гулистон”-и Ӯзбекистон Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун олими ғайримарксистӣ ва душмани сиёсати ленинӣ ба қалам дода, муҳтавои китобро маҳкум (чуноне ки имрӯз рух дод) ва ҷамъоварӣ ва несту нобуд кардани онро аз Маскав талаб доштанд. Он замон танҳо Динмуҳаммад Қунаев аз Бобоҷон Ғафуров сахт пуштибонӣ кард ва шаккоконро дар ҷояшон шинонд…

Имрӯз китоби “Тоҷикон” аз ду тараф ба муталошӣ ва бозичаи сиёсӣ дар даргирии музофотӣ мубаддал шудааст ва яке чунин даъво пеш оварда: “Ба фикрам, як китобро, ки ба қавли муаллиф зери таъсири ғояи «марксистӣ-ленинӣ» навиштааст, ба чунин ранг бар гардани мардум бор кардан нашояд. Бахусус, вақте шеваи нигориш ва муҳтавои он, чун асари таърихӣ, барои баҳс ва муколама аст, онро ба як авроқи муқаддаси давр нашояд табдил дод. Набояд миллат гумон кунад, ки ҳарфи охир ва комилро Ғафуров гуфтааст ва дигар мавзӯи суҳбат тамом аст”.

Ҳайф ва сад ҳайф бод бар чунин рӯзноманигори нестангор, ки ҳоло тавони хешро бо нотавонӣ барои ситонидани қасд аз гуруҳе намоиш додааст. Ман аз ӯ чунин густохӣ, саҳлангорӣ ва нестангории таърихро чашм надоштам ва ҳатто тасаввурашро ҳам намекардам, ки чунин махлуқи тоҷикнамо вуҷуд дорад. Ҳайф. Ва ин ҳарфи охар нест!

ШАВКАТ ШАРИФОВ

— Имрӯз дар бораи китоби » Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров нафароне ҳарф мезананд, ки хондани ин китоб он тараф истад, ҳатто онро боре ба дасташон нагирифтаанд.

Нафаре менависад, ки муаллифи китоб дар бораи шаҳрҳои форсизабони ба марзи дигарон гузашта чизе намегӯяд. Инсоф бояд кард. Ҳудуди хронологии нашри русии (1972) китоб то нимаи аввали асри 18 ва нашри тоҷикии он то соли 1917-ро фаро гирифтааст. Албатта дар бораи марзбандии соли 1924 дар китоб чизе нест. Эй «алломаҳои» хасакии таърихзада, каромат карда, мисли «Тоҷикон» китобе нависед, пас лофи бузургӣ занед. То кай бузургони худро наҳ зада, пеши пойи кадом муллову охунди бесавод ё чалласавод сар мегузоред?

СУБҲОН АЪЗАМЗОД

— Дар партави марксизм — 70 сол оё касеро метавон ёфт, ки аз он чаҳорчӯб берун бошад? Бузургии нафароне мисли Айниву Ғафуров аст, ки дар ҳамон қолаби танги марксистӣ кори сирф ғайричашмдоштро анҷом дода, аз худ назарияи таърихи тоҷиконро офариданд.  «Тоҷикон» бомбаеро бар фазои идеологии шӯравӣ мемонд. Мо агар чунин иддао кунем, тамомии осори давраи шӯравиро инкор кунем, ин худ буридани байни таърих ва замонаҳо аст. Нақши шахсиятҳои лидерро инкор кардан аст.  

ИСКАНДАРИ РАҲМОН

— Танҳо номгузории китоб кофист, ки мо Аллома Бобоҷон Ғафуровро бузургвори миллат шиносем. Барои чӣ китобро «Таърихи халқи тоҷик» не, балки «Тоҷикон» ном гузошт? Барои он ки аллома бо тоҷик будан ифтихор дошт ва ҳамин ифтихорро ба мову шумо талқин кардааст. Эълони озмун ба хотири китоби «Тоҷикон» беҳтарин кор аст!

ХОСИЯТ ОЛИМӢ

— “Тоҷикон” китобест, ки дар замони шӯравӣ тоҷиконро ҳамчун миллати озода ва соҳибмавқеъ муаррифӣ намуд.

МУҲТАРАМ ҲОТАМ

— Тоҷикро агар ба парандае шабоҳат диҳем, ки ду бол дорад, як болаш «Шоҳнома» ва боли дигараш » Тоҷикон» аст.

ЛУТФУЛЛО НИЁЗОВ

— Дар замони Шӯравӣ маҳз ҳамин китоб буд, ки пантуркистон даст аз тоҷикон бардоштанд. Вагарна баъд аз нашри ин китоб роҳбарияти ҳамонвақтаи Ӯзбекистон омода буд тамоми китоби нашршударо бихарад ва нобуд созад. Аз он, ки Рустами Ҷонӣ иддао мекунад, бигузор ба худашу ёронаш дахл дошта бошад, на ба Давлат ва на ба Миллат!

АСОМИДДИНЗОДА ШАРОФИДДИН

— Дар замони Шӯравӣ эҷоди чунин як асар бо номи “Тоҷикон” худ қаҳрамонист. Маҳз асари мазкур тавонист ҳуввияти миллии мардуми тоҷикро баланд бардорад. Барои мутолиаи китоб эҳдо намудани якуним миллион сомонӣ — ин нишони эҳтироми роҳбари давлат ба китоби “Тоҷикон” ва китобхонӣ аст. Шукри чунин сарвар бояд кунем, ҳазорон бори дигар шукр…

ФАРҲОД ДИЛФИГОР

— Агар китоби «Тоҷикон» навишта намешуд, имрӯз аниқ Тоҷикистон ном давлати озод дар харитаи ҷаҳон вуҷуд надошт. «Тоҷикон» шаҳодатномаи миллати тоҷик аст. Кист он нотоҷике, ки ин шоҳасари ҷаҳониро инкор карданист? Қаҳрамонҳоро халқ дӯст медорад. Чӣ ҳаз аз ҳарфи беасос ва сафсаттабофиҳои ин тур «олимтарош»-ҳо!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *