«Абобил-2». Тайёраи бесарнишини Эрон ва Тоҷикистон ба чӣ қодир аст?

Раиси ситоди неруҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ ва генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди тайёраҳои бесарнишини эронии “Абобил-2”-ро ифтитоҳ карданд. Бо дарназардошти вазъи минтақа истеҳсоли “Абобил-2”-ро коршиносон фоли нек арзёбӣ мекунанд.

Умедвории Боқирӣ

Бино ба иттилои “ИРНА”, ба манзури таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дифоъӣ ва низомии ду кишвар ифтитоҳи ин корхона бо ҳузури гуруҳе аз мақомоти Эрон ва Тоҷикистон баргузор шудааст.

Генерал Боқирӣ дар суханронии худ дар ин маросим гуфтааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо талошҳои мутахассисон ва донишмандони содиқаш ва бо истифода аз зарфиятҳои дохилии худ тавонист дар ҳама абзорҳои низомӣ ва дифоъӣ, ба вижа тавлиди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба рушди қобили мулоҳизае ноил шавад.

«Имрӯз мо дар мавқее ҳастем, ки ба ҷуз аз таъмини ниёзҳои дохилӣ ба манзури афзоиши амният ва сулҳи пойдор, метавонем ба кишварҳои ҳампаймон ва дӯст таҷҳизоти низомӣ содир кунем»,- гуфтааст Боқирӣ.

Генерал Боқирӣ ифтитоҳи корхонаи «Абобил-2» дар Тоҷикистонро як гардиш дар ҳамкориҳои низомии ду кишвар хонда, гуфтааст, ки “Худо хоҳад, дар оянда ҳамкориҳои бештар аз ҳама сатҳҳои дифои низомии Эрон ва Тоҷикистонро мебинем”.

Дар анҷоми маросим калиди рамзии ифтитоҳи корхона ва шаҳодатномаи хатми курси омӯзишӣ ба фармондеҳон ва ситоди неруҳои ҳавоии Тоҷикистон супорида шудааст.

«Абобил-2» чӣ хусусият дорад?

Ҳавопаймои «Абобил-2» яке аз аввалин дастовардҳои ҳавопаймои бесарнишини Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки то имрӯз бо теъдоди зиёд истеҳсол шуда, ба ҷузъу томҳои гуногуни неруҳои мусаллаҳи Эрон дода шудааст.

Расонаҳои эронӣ шиносоии ҳавоӣ ва назорат бар майдони ҷанг, гашти марзӣ, аккосии ҳавоӣ, танзими тирандозии тӯпхона ва иҷрои амалиёти безараргардонӣ (инҳидомӣ)-ро аз дигар қобилиятҳои ин паҳпод донистаанд.

Бурди амалиётии ин паҳпод 100 километр буда ва давомнокии парвози “Абобил-2” аз 75 то 120 дақиқаро дар бар мегирад. Ҳамчунин, ин паҳпод метавонад то баландии 11000 ҳазор поӣ (3352,8 метр) ва бо суръати 250 километр дар соат парвоз кунад.

Ин ҳавопаймо 1 метр баландӣ, 2 метру 80 см дарозӣ, 3 метру 25 сантиметр паҳноии бол дорад.

Бо давомнокии 1,5 соат, “Абобил-2” метавонад масофаи то 200 км дошта бошад ва суръати максималии он ба 220 км/соат мерасад.

Ин бесарнишин метавонад ба баландии 5000 метр аз замин боло рафта, дар амалиёти назоратӣ ва иктишофӣ майдони 770 километри мураббаъро назорат кунад.

Системаи навигатсионии “Абобил-2” GPS/INS буда, роҳнамоӣ ва идоракунии он ҳам аз дур ва ҳам автоматӣ буда метавонад, ки бурди ин ҳавопайморо дар реҷаи автоматӣ зиёд мекунад.

“Абобил-2” бо муҳаррики поршении дусилиндраи 25 қувваи асп кор мекунад, ки дар як соат тақрибан 5 литр сӯзишворӣ сарф мекунад.

“Абобил-2” инчунин қобилияти парвоз кардан аз киштиҳои зериобӣ ва қаиқҳои суръатбахшро дорад, ки дар солҳои охир киштиҳои зудамали неруҳои баҳрии Сипоҳи посдорони Эрон бо ин ҳавопаймо муҷаҳҳаз шудаанд.

Муборизаи муштарак

Дар идомаи сафари корӣ раҳбари Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Боқирӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сарвари давалат, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи аршади артиши Эрон дар Қасри миллат пас аз зуҳри 17-уми май барпо шуд.

«Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд»,- афзудааст манбаъ.

Ҷонибҳо ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намудаанд.

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *