Ҷабрдида тамаъҷӯйро ошкор намояд, ҷавобгар намешавад

Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти сохтори қудратии мазкур дар нимсолаи аввали соли равон иттилоъ пешниҳод намуд, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1218 ҷинояти коррупсионӣ, ҷинояти иқтисодии характери коррупсионидошта ва ба андоз алоқамандро ошкор сохтанд. Аз ин 417 ҳолаташро ҷиноятҳои махсусан вазнин  ташкил медиҳанд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 441 ҷиноятӣ қаллобӣ, 12 ҳолати саркашии шахсони ҳукуқӣ ва воқеӣ аз пардохти андоз маълум карда шудааст. Маблағи зарари молиявӣ аз ҷинотҳои фошшуда ба 88,1млн сомонӣ баробар буда, аз он 38,4 млн сомонӣ рӯёнида шудааст.

Султонзода таъкид намуд, ки 65 муроҷиати ҷабрдидагон оид ба тамаъҷӯйӣ ва порахӯрии кормандони мақомоти  Агентӣ расида, аз рӯйи онҳо чораҳо андешидаанд. «Агар ҷабрдида тамаъҷӯйро ошкор намуда, ба сохторҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  муроҷиат намояд, аз  ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *