Аброр Мирсаидов: Иқдом бояд ба манфиати муҳоҷирон бошад!(ВИДЕО ва САДО)
Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор таъсиси Маркази миллии протесстингии интиқоли маблағро дар назди Бонки миллии Тоҷикистон қобили қабул медонад.
Аммо номбурда мегӯяд, ки бо ҷорӣ шудани ин марказ ҳангоми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон бояд манфиати муҳоҷирон ба инобат гирифта шавад.
“Воқеан, иқдоми Бонки миллӣ дар таъсиси маркази ягонаи интиқоли маблағ қобили дастгирист, зеро ҳисоби ягона бояд бошад. Дар мавриди нақшабандӣ, идоракунӣ дар иқтисод хеле муҳим аст. Аммо дар ин ҷо дигаргуниҳо мешавад ва ин иртибот ба муносибатҳои байналмилалӣ мегирад. Яъне, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва тавассути низоми “Золотая корона”, ки арзонтар аст, бештар маблағ интиқол медоданд. Инчунин, ба ин одат карда буданд. Бинобар ин, ҳисоб кардан лозим аст, ки ин ҷо воқеан ҳам манфиати интиқолгарони пул аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин мегардад ё не? Яъне, арзиши интиқоли маблағ арзонтар мешавад ё не? Агар арзиш арзон ва ба манфиати интиқолгарон бошад, тағирёбӣ ва ҳар гуна баҳс хотима меёбад” –гуфт вай.
Ба андешаи Аброр Мирсаидов, ҳоло баъди ҷорӣ шудани маркази ягонаи интиқоли маблағ дар назди БМТ, бархӯрди манфиатҳо, аз ҷумла миёни ширкатҳои интиқоли маблағ оғоз ёфтааст. “Дар ин ҷода ҳадафи Бонки миллӣ таъмини сиёсати пулӣ ва молӣ дар Тоҷикистон аст. Ба инқолкунандагон низ шарҳ диҳад, зеро муштариён, пеш аз ҳама, ба сифат ва нарх аҳамият медиҳанд”- мегӯяд номбурда.
Зимнан, масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳадаф аз таъсиси низоми миллии интиқоли пул фароҳам кардани интиқоли зуд, бехатар ва собити пул дар шакли ғайринақдӣ мебошад. Дар шарҳи зарурати чунин тағйирот Бонки миллӣ гуфт, қарори мазкур барои ҳифзи манфиатҳои бонкҳои Тоҷикистон аст. Зеро ҳангоми муфлис шудани ду низоми интиқоли пул – “Мигом” ва “Лидер” бонкҳои Тоҷикистон 20 миллион рубл зарар дидаанд. Яъне, бонкҳо аз ҳисоби худ пули муштариро доданд, вале аз ин ду ширкат, ки бояд ин пул ва ҳаққи хидматро мепардохтанд, чизе нагирифтаанд.
Бонки Миллӣ мегӯяд, ҳар низоме, ки мехоҳад ба Тоҷикистон пул интиқол диҳад, бояд шомили Маркази миллии протесстингӣ шавад ва шарту қоидаҳои онро пазирад. Яке аз шартҳои асосии пайвастан ба ин марказ он будааст, ки низомҳои интиқол бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоб кушода, маблағи баробар ба як рӯзи интиқолро захира кунанд. Асосан ин талабот боиси ихтилоф миёни Бонки миллӣ ва баъзе аз низомҳои интиқолдиҳандаи Русия шудааст.
Тавре маълум, Тоҷикистон баъд аз Ӯзбекистон дар самти интиқоли пул аз Русия дар зинаи дуюм қарор дорад. Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, дар соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон 2,55 миллиард доллар ворид гардидааст. Аз ин ҳисоб системаҳои интиқоли пул то 7 миллиард рубл фоида ба даст овардаанд.
Усмон Раҳимзода
Тафсилоти бештари матлаб дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ