Ҳабси писар барои таҳқиру дашноми модар

276

Мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва то ба имрӯз ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ яке аз суннатҳои миллии мо — мардуми тоҷик ба шумор меравад. Яъне ниёгони соҳибилму бофарҳанги мо ба қадру қиммат ва эҳтироми модар ҳамчун офарандаи ҳаёт ва парварандаи арзишҳои волои умумибашарӣ, ба монанди муҳаббат ва дӯстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, сулҳу оромӣ дар оилаву ҷомеа, тарбиятгари инсони поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар мерасиданд ва ба ӯ саҷда менамуданд.

277Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо нафароне ёфт мешаванд, ки ин ҳама бузургӣ ва мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳо ва рафтори неку пурмуҳаббаташро нодида гирифта, модари хешро мавриди таҳқир ва дашному ҳақорат қарор медиҳанд. Аламовар он аст, ки ин кирдорҳои ғайриахлоқиро баъзе аз ҷавонон дар байни аҳли ҷомеа ва хешовандону ҳамсоягон анҷом медиҳанд.
Мисоли равшани чунин гуфтаҳоро кормандони милитсия ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрванд Шарипова Гуландом Зариповна, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе, оиди кирдорҳои авбошонаи фарзандаш Самиев Зоир Маҳмадшарифович, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров муайян карданд. Шаҳрванд Гуландом Шарипова санаи 4 сентябри соли ҷорӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намуд, ки давоми якчанд муддат аст, ки фарзандаш дар ҳолати мастӣ ба хона баргашта, доимо бо модараш ҷанҷоли лафзӣ намуда, мавриди дашному ҳақорат қарор медиҳад. Аз ҷумла санаи 4 сентябри соли ҷорӣ фарзандаш Самиев Зоир Маҳмадшарифович тахминан соати 21:00-дақиқа дар ҳолати мастӣ ба хона баргашта, дар ҳузури ҳамсоягон модарашаро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, бо ин кирдораш оромии шаҳрвандонро халалдор сохтааст.
Дар асоси муроҷиати шаҳрванд Шарипова Г. кормандони милитсия шаҳрванд Зоир Самиевро ба мақомоти милитсия дастрас намуданд, ки зимни пурсиши дастрасгардида ваҷҳҳои дар муроҷиат зикргардида ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфтаанд.
Бо дарназардошти омилҳои зикргардида нисбати шаҳрванд Самиев Зоир бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.
Дар навбати худ санаи 5 сентябр бо ҳукми Суди ноҳияи Сино барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Самиев Зоир Маҳмадшарифович ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 11 шабонарӯз таъин ва барои ислоҳ шудан ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудааст.
Илова бар ин ҳуқувайронкунанда Зоир Самиев баъди гирифтани ҷазо дар намудаи ҳабси маъмурӣ дар назди кормандони милитсия аз модараш барои кирдорҳои ғайриахлоқиаш узр пурсида, ваъда додааст, ки дар оянда ба чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ даст намезанад.
Ҳадафи асосии таҳияи чунин маводҳо таҳқири шахсияти ҳуқуқвайронкунандагон набуда, роҳбарияти мақомоти милитсия пойтахт бо ин васила мехоҳад пеши роҳи кирдорҳои ғайриахлоқиву ғайриқонунии шаҳрвандон гирифта шуда, маърифат ва адолати ҳуқуқӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа таъмин карда шавад.
Сироҷиддин Шукуров

Бознашр аз ВКД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *