Ҳабси умрбод. Генерал Ғуломов кист ва чаро погонҳои ӯро президент канд?

Генерал Шӯҳрат Ғуломов, собиқ муовини аввали раиси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон бо ҳукми додгоҳ ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст. Додгоҳ Ғуломовро ҳамчунин аз рутбаи генералӣ ва нишонҳои давлатӣ, аз ҷумла аз унвони олитарини «Қаҳрамони Ӯзбекистон” маҳрум кардааст. Шӯҳрат Ғуломов соли 2007 аз ҷониби Ислом Каримов соҳиби унвони «Қаҳрамон” шуда буд.

Нашрияи Kun.Uz бо такя ба суханронии рӯзи 19 январи раисиҷумҳури кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар вилояти Сурхондарё хабар дод, ки генерал Шӯҳрат Ғуломов, собиқ муовини аввали раиси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ва яке аз шахсиятҳои то як соли пеш хеле мутанаффиз дар арсаи сиёсии ин кишварро ба ҳабси умрбод маҳкум кардаанд.

Мирзиёев дар он суханрониаш гуфтааст: «Дар Хадамоти амнияти миллӣ як зӯри дигар буд. Ҳамчун хоини Ватан ба ҳабси умрбод маҳкум шуд. Ғуломов хеле одами ноинсоф буд. Ҳоло ҳам решаҳояш боқӣ мондаанд.”

Бино ба гузоришҳо, Додгоҳи олии низомии Ӯзбекистон моҳи август Шӯҳрат Ғуломовро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Ӯро дар кӯшиши сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, ташкили қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донистанд. Бо ҳукми додгоҳ, Шӯҳрат Ғуломов ҳамчунин аз рутбаи генералӣ ва нишонҳои давлатиаш, аз ҷумла аз унвони олитарин – «Қаҳрамоиӯни Ӯзбекистон” маҳрум карда шуд ва бояд беш аз як миллиард доллар зарари расондааш ба хазинаи давлатро барқарор кунад.

Шӯҳрат Ғуломов, ки 52 сол дорад, фаъолияташ дар сохторҳои амниятии Ӯзбекистонро аз вилояти Сурхондарё оғоз карда буд. Дар соли 2005 ӯ мавриди таваҷҷуҳи президент Ислом Каримов қарор гирифт ва Каримов Ғуломовро ба Тошканд оварда, дар Хадамоти амнияти миллӣ ҳамчун одами худаш мансаби баланд дод.

Дар соли 2007 Ислом Каримов ба Шӯҳрат Ғуломов олитарин унвони Ӯзбекистон – унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон”-ро дод. Бовар меравад, ки Ғуломов барои саҳмаш дар саркӯби ошӯбҳои Андиҷон сазовори чунин унвони олӣ шудааст.

Баробари даргузашти Ислом Каримов дар таърихи 2 сентябри соли 2016 Шӯҳрат Ғуломов аъзои хонаводаашро бошитоб ба Амрико гурезонд. Худи ӯро раисиҷумҳури нави Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи январи соли 2017 аз мақом барканор кард.

Шӯҳрат Ғуломовро ибтидо ба роҳбарии идораи Хадамоти амнияти миллӣ дар вилояти Сурхондарё фиристоданд, вале баъди чанде ӯ ба ҳабс гирифта шуд. Президент Мирзиёев моҳи октябр Бахтиёр Ғуломов – бародарии калонии Шӯҳрат Ғуломовро низ аз мақоми сафири Ӯзбекистон дар Ийолоти Муттаҳидаи Амрико гирифт.

Моҳи январи соли 2017 баробар бо Шӯҳрат Ғуломов, вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал Адҳам Аҳмадбоев низ барканор гардид. Аҳмадбоевро ибтидо ба мақоми мушовири президент гузаронда, сипас ба Академияи вазорати корҳои дохилӣ «бадарға” карданд ва баъди чанд моҳи кораш ҳамчун муаллим аз Академия ба нафақа фиристоданд.

Ахиран хабар расид, ки Адҳам Аҳмадбоев низ дастгир шудааст ва ба зидди ӯ ҳам парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Президент Шавкат Мирзиёев дар чанд суханрониаш гуфт, ки погонҳои ду генералро канда, ба дасташон додааст. Бовар меравад, ки манзури ӯ Адҳам Аҳмадбоев ва Шӯҳрат Ғуломов аст. Мирзиёев онҳоро ба он айбдор кард, ки тамоман аз худ рафта, ҳатто телефонҳои аъзои хонаводаи президентро гӯш мекарданд.

Манобеи огоҳ дар Тошканд ба хабарнигорон гуфтаанд, ки Аҳмадбоев бо дастури Ғуломов суҳбатҳои телефонии наздикони президентро сабт мекардааст.

Шавкат Мирзиёев баъди расиданаш ба мақоми президент рақибони қаблии худро ба тадриҷ аз саҳна рӯфт. Охирин нафаре ки ӯ барканор кард, роҳбари хеле пурнуфузи Хадамоти амнияти миллӣ генерал Рустам Иноятов буд. Иноятов расман мушовири президент дар умури сохторҳои интизомӣ таъйин шуд, вале ҳама бар ин боваранд, ки ӯ дигар он нуфуҳ ва таъсиреро, ки дар арсаи сиёсии Ӯзбекистон дошт, аз даст додааст.

Мирзиёев дар суханронии пурсарусадои рӯзи 19 январаш дар Сурхондарё гуфт, давроне ки мардум ҳатто аз шунидани номи Хадамоти амнияти миллӣ (СНБ) дар баданашон ларза меафтод, бебозгашт гузашту рафт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *