Абу Усомаи Норакӣ беш аз 100 муҳоҷирро ба ДОИШ ҷалб кардааст
Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, 1144 шаҳрванди кишвар дар солҳои охир ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи созмонҳои тундрав, алалхусус ба ДОИШ пайвастаанд. Ба бовари мақомоти Тоҷикистон, беш аз 80 дарсади онҳо ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми мубаллиғони «ҷиҳод”-и дурӯғини ДОИШ ва созмонҳои дигари ифротӣ афтодаанд.
Танҳо як мубаллиғ бо номи Анӯшервон Азимов, мулаққаб ба Абӯ Усомаи Норакӣ, аз деҳаи Тутқавули Норак, ба ҳисоби мақомот, беш аз 100 муҳоҷири тоҷикро дар Русия ба сафи ДОИШ ҷалб карда, ниҳоят худаш низ ба Сурия фирор кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то имрӯз дар бораи ҳалокати дастикам 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Ироқу Сурия гузориш шудааст. Баъди танг шудани мавқеи ДОИШ дар Ироқ дар бораи асир афтодани даҳҳо зану фарзанди ҷангиёни тоҷик хабарҳо нашр шуданд.
Дар инфографикаи Open Azia сабабҳои ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба ДОИШ зикр шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ