Абу Усомаи Норакӣ мехост Маскавро тарконад
Мақомоти интизомии Русия Тоҷиддини Назаров, як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро, ки дар сафи гурӯҳи мамнӯи ба ном “Давлати исломӣ” бо лақаби Абу Усомаи Норакӣ фаъолият мекунад, масъули омода кардани се нафар барои анҷоми амалҳои интиҳорӣ дар Маскав номидаанд.
Ин се шаҳрванди Тоҷикистон, ки ахиран дар Маскав боздошт шудаанд, гӯё бо амри ин таблиғгари ДИИШ амал мекарданд ва ҳадафашон анҷоми ҳамлаҳои маргталабона дар пойтахти Русия будааст.
Матбуоти Русия аз қавли ФСБ — Хадамоти федеролии амният рӯзи 16 август навишт, ки се шаҳрванди Тоҷикистон бо фармони Т.М.Назаров мехостанд дар маконҳои серодами Маскав таркишҳои террористӣ анҷом диҳанд. Дар ҳоле, ки мақомот дар Тоҷикистон ҷузъиёти бештари марбут ба ин боздоштҳову нақшаҳои эҳтимолии гумонбаронро дар даст надоранд, вале мегӯянд, барои кӯмак дар тафтишот ва ҳам мушаххас кардани ҳуввияти гумонбарон бо ҳамтоёни русашон ҳамкорӣ мекунанд.
Рӯзи 16 август як манбаъ дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон, ки аз ҷараёни қазия огаҳ аст, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, манзури тафтишоти Русия Назаров Тоҷиддин Мирзораҳимович, як сокини деҳаи Узбеклангари шаҳри Норак аст. Ба иттилои мақомоти тоҷик, Назаров соли 2014 ба узвияти гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваста, дар қаламравҳои зери назари ин созмони мамнӯъ бештар ба ҳайси таблиғгари ДИИШ кор кардааст.
Ин шахсро мақомоти тоҷик аз охири соли 2014 аз рӯи моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “зархаридӣ” дар пайгард қарор додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ