Абубакр Зубайдов, сарояндаи маънисарои тоҷик даргузашт

Қалби Абубакр Зубайдов, сарояндаи маҳбуб ва маънисарои тоҷик аз тапидан бозмонд. Ӯ дар синни 62-солагӣ аз бемории қалб ва фишори баланд дунёро падруд гуфтааст.

Наздикони марҳум дар суҳбат ба Pressa.tj ин хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки номбурда чанд рӯзи охир дар бемористон бистарӣ буд ва аз бемории дил, фишорбаландӣ азият мекашид.

Абубакр Зубайдовро дар Тоҷикистон ҳамчун шашмақомсаро  ва маънисаро  мешиносанд. Нақши ӯ дар омода намудани санъаткорони варзидаи кишвар муассир аст. Ҳунармадони шинохтаи кишвар Афзалшоҳ Шодиев, Алишер Қаноатзода, Муқбил Эвазов, Муҳаммадтобеъ Хурсандов худро аз шогирдони эшон медонанд.

Абубакр Зубайдов чанд соли охир дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон дар вазифаи муовин фаъолият мекард. Қабл аз ин мақом дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба шогирдон нозукиҳои санъати шашмақомро меомӯзонд.

Маълуноматнома

Абӯбакр Зубайдов 1-уми июли соли 1958 ба дунё омадааст. Аз соли 1981 то соли 2009 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст. Нимаи дуюми солҳои 80-уми асри мозӣ бо тавсияи ховаршиноси маъруф, профессор, шодравон Аълохон Афсаҳзод ба аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, дар мавзӯи «Таърихи фаъолияти касбии ҳунармандони мардумии Тоҷикистон дар солҳои 30-80-уми асри ХХ», таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, профессор Аскаралӣ Раҷабов рисолаи докториашро бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Солҳои 1984-1991 дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони Тоҷикистон 20 суруд сабт намудааст, ки аксарияташон таронаҳои клаассикӣ ва мардумии такмилёфта мебошанд. Соли 1986 бори нахуст дар шаҳри Тошканд дар Кунгураи байналмилалии мусиқишиносони ҷаҳон ширкат варзида, таҳти унвони «Ғазалиёти Ҳилолӣ дар мусиқии тоҷик» бо забони русӣ маърӯза менамояд, ки садри анҷуман, мусиқишиноси маъруф Файзулло Кароматов ба баромади Абӯбакр Зубайдов баҳои баланд медиҳанд. Абӯбакр Зубайдов ҳамчун муҳаққиқ ва олими нуктасанҷ муаллифи зиёда аз 70 номгӯй мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ба забонҳои мухталиф мебошад.

Исмоил Зарифӣ, шоири тоҷик дар сӯги ҳофизи беҳамто Абубакр Зубайдов марсия эҷод кардааст, ки пешниҳоди хонандагон мегарадад.

ҶИСМУ ҶОН СӮЗАД

Ба ёди хандаҳоят мағз-мағзи устухон сӯзад,
Ба ёди чеҳраи нуронии ту ҷисму ҷон сӯзад.

Ту будӣ шамъи маҳфилҳо, ту будӣ доруи дилҳо,
Ба ёди ҳар ҳуруфи дилкашат пиру ҷавон сӯзад.

Ту будӣ мутриби воло, ту будӣ ҳофизи якто,
Хазон гардидию дар ёди ту барги хазон сӯзад.

Чу сарви дилкаше дар боғи ҷонҳо доштӣ маъво,
Ба ёди қомати сарви ту сад сарви равон сӯзад.

Дилам сад пора гашту оби чашми ман ба поям рехт,
Ба қаъри синаам қалби ҳақири хунчакон сӯзад.

Аё, эй муршиди комил, наороӣ дигар маҳфил,
Агар маргат биёрам бар забон кому забон сӯзад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *