Қабули кодекси нав боиси озодии 470 маҳбус хоҳад гашт
Сар аз 1 январи соли 2019 дар Қирғизистон панҷ кодекс ва ду қонуни нав ба иҷро медарояд. Онҳо башардӯстона сохтани қонунгузории ин кишварро пешбинӣ мекунанд.
Баъди ба иҷро даромадани қонунҳо ва кодексҳо интизор меравад, 470 зиндонӣ ба озодӣ бароянд. Дар ин бора сардори Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон Таалайбек Жапаров хабар дод.
«Ҳамчунин муҳлати ҳабс ҳам кам мешавад. Ҳоло ҳуҷҷатҳо омода мешаванд ва баъди ҷашнҳои солинавӣ ба мақомоти судӣ ирсол мегарданд. Равоншиносон ва кормандони иҷтимоӣ баъди омӯзиши парвандаи зиндонӣ метавонанд, чораҳоеро барои ислоҳшавии ҷинояткор дар муассисаҳои кушода пешниҳод кунанд. Ба ин тартиб, мо тасмим дорем, ки шумори зиндониҳоро дар маҳбасҳо кам кунем. Судшавандагоне, ки ҷинояти начандон вазнин содир кардаанд, дар маҳбас нигаҳдорӣ нахоҳанд шуд, балки зери назари мутахассисон хоҳанд буд», — гуфт Жапаров.
Дар кодексҳои нави он кишвар таъсиси ниҳодҳои нав пешбинӣ шудааст. Миёни онҳо, реестри ягона, судяи тафтишгар, рақамисозии бахши тафтишотӣ ва толорҳои додгоҳӣ ва ғайра низ ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ