Адҳам Холиқов: Италия маро фаромӯш намекунад, вале Ватан Ватан аст…
…Яке аз рӯзҳои сарди моҳи январ дар яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Вашингтон марде ба навохтани скрипка оғоз кард. Ӯ асарҳои Бахро иҷро мекард… Дар дақиқаи сеюм марди миёнсоли роҳгузар каме истода, ба навозанда нигоҳ кард, аммо зуд рафт. Дар дақиқаи чорум бошад, навозанда доллари аввалинро гирифт, зане як доллар наздаш партофт, аммо наистода рафт. Ҳамин тавр, ба навозанда таваҷҷуҳ ниҳоят кам буд. Дар 45 дақиқа ӯ 6 асари ҷаҳонии Бахро навохт, аммо дар ин муддат ҳамагӣ 6 нафар истода, ӯро каме гӯш карданд. Қариб 20 нафари дигар ба ӯ маблағ доданд, ки ҷамъулҷамъ 32 доллар шуд. Дигарон бошад, нисбати ӯ беэътино буданд ва ба роҳашон идома медоданд. Касе ба навозанда таваҷҷуҳ намекард ва касе қарсак ҳам намезад… Роҳгузарон мутаваҷҷеҳ нашуданд, ки ин навозанда худи Ҷошуа Белл, яке аз машҳуртарин навозандаҳои дунёст. Ӯ ҳамин ҳоло яке аз пораҳои душвори асари Бахро дар скрипка иҷро кард, ки 3,5 миллион доллар арзиш дорад… Як рӯз пеш аз ин Ҷошуа Белл дар театри Бостон консерт баргузор кард, ки нархи арзонтарин билеташ 100 доллар буд…
-Адҳам Қурбонович, ба ёд овардани ин таҳқиқоти газетаи «Вашингтон пост» ба сифати сарсухани суҳбатамон бесабаб нест. Воқеан, дар ҷой ва вақти номуносиб инсон наметавонад, зебоиро дарк кунад, онро шинохтаву қабул кунад… Шумо ҳам монанди Ҷошуа Белл ҳастед, ки аз гаҳвораи опера ба Тоҷикистон баргаштед, ба муҳите, ки на ҳама операро дарк мекунанд…
-Бале, дар Италия барои консертҳо ба ман маблағи хуб медоданд, гонорари спектаклҳо бошад, муқоисанашаванда аст, аммо ман ин ҷо барои ҷавонон ройгон дарс медиҳам. Зеро падарам мегуфтанд, ки ту ҳунарманди бузург шавӣ ҳам, агар шогирд тарбия накунӣ, умрат барҳадар рафтааст. Ҳоло ман роҳбари бадеии театр ҳастам ва аз ин корам маош мегирам, аммо ҷавонҳо ҳамеша дар атрофам ҳастанд, мепурсанд, меомӯзанд. Зеро ба ман дар Италия устодони бузурги итолиёвӣ нозукиҳои операро нишон доданд, аммо ба инҳо кӣ меомӯзад. Ман таҷрибаи «Мака»-и операро андӯхтаам, таҷрибае, ки ҳатто ба шакли кул то Маскав нарасидааст. Бинобар ин вазифаи ман аст, ки онро ба Ватани худ орам ва паҳн кунам. Яъне, масъулият маро ин ҷо овард.
-Шумо дар Фархор зода шудед, маълум аст, ки он ҷо ҳар рӯз опера гӯш намекунанд, аммо чӣ шуд, ки ин жанри санъатро интихоб кардед?
-Ҳиссиёти дарки мусиқӣ ва санъат табиӣ мешавад ва дар муҳити солим рушд меёбад. Ман аз кӯдаконе будам, ки аз кӯдакӣ ҳиссиёти дарки санъат, мусиқӣ, скулптура, рассомӣ ва ғайраро доштам. Падари ман корманди партиявӣ буданд, аммо санъатро дӯст медоштанд, дуторро моҳирона менавохтанд, модарам ҳам дуторнавоз буданд, ҳамин тавр мусиқӣ дар қалби ман ҷой мегирифт. Баъдан, бародари калониам ба Консерваторияи Тошканд дохил шуданд. Вақте эшон меомаданд, ба сароидани он кас ҳавасам меомад, мушоҳида мекардам, ки чӣ тавр овоз шукуфон мешавад, ҷилва мекунад… Бинобар ин, пас аз хатми мактаб ба театри опера ва балет омада, хостам ки маро гӯш кунанд. Дар ин ҷо овози маро шунида, барои таҳсил дар Консерваторияи Маскав тавсия карданд…
-Аммо аз тарҷумаи ҳолатон бармеояд, ки ибтидо ба факултети санъати актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебо дохил шудаед…
-Имкониятҳо худ ба худ пайдо намешаванд. Ман ҳам 3 сол имкон пайдо накардам, ки ба Маскав равам. Ҳамон сол факултети санъати актёрӣ дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо кушода шуду ба он ҳуҷҷат супоридам. Зеро Красёва Нейла Степановна ном муаллима, солисткаи ҳамин театр, дар он факултет дарс медоданд. Ҳамин тавр, ман ҳам актёрӣ мехондам ва ҳам дар дасти ин муаллима таҷрибаи сайқал додани овозро меомӯхтам. Дар факултети санъат, хушбахтона, ба ман Марям Исоева, Ҳошим Гадоев, Тӯрахон Аҳмадхонов, Аҳмадҷон Қодиров, ки он вақт ситораҳои Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буданд, дарс медоданд. Ҳамин тавр, маро дар чанд спектакли театри Лоҳутӣ ҷалб карданд ва ман дар як саҳна ҳам бо ин устодон ва ҳам бо Аслӣ Бурҳонови машҳур нақшҳо бозӣ кардам…
-Магар санъати актёрӣ ё бозигарӣ ба шумо писанд набуд, ки боз думболи Консерватория рафтед?
-Не, баръакс. Актёрӣ ба ман бисёр чиз дод ва бештари муваффақияти ман ҳам дар таҷрибаи актёрӣ доштани ман аст. Дар Италия вақте барои гирифтани нақш сабқат мекардем, овозҳои беҳтар аз ман садо медоданд, аммо режиссёрҳо бештари нақшҳоро ба ман медоданд. Ба дигарон мегуфтанд, «Шумо сароянда, аммо ин – ба ман ишора карда, — актёр-сароянда». Гарчанде дар Душанбе ман аллакай карера сохта истода будам, ҳам дар театри Лоҳутӣ ва ҳам театри опера нақшҳо мебозидам, аммо меҳри Консерватория маро ором намегузошт. Вақти дар курси чорум таҳсил карданам, Меҳрубон Назаров, вазири фарҳанг маро ҷеғ зада гуфтанд, ки Консерваторияи Маскав барои мо як ҷо ҷудо кардааст, аммо мо 6 довталаб мефиристем, кадоме аз шумо боқувват бошад, таҳсил мекунад. Ман розӣ шудам, гарчанде 7 соли ман масраф мешуд… Ҳамин тавр, дар Маскав Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Александр Сверстников, ки он замон симои барҷастаи санъати мусиқии СССР ҳисоб мешуд, аз мо имтиҳон гирифт ва аз 6 нафар маро интихоб намуд. Дар Консерваторияи Маскав ман ба курси яке аз беҳтарин педагогон Владимир Шушлин афтодам. Ӯ 80 сол ва таҷрибаи бой дошт, аммо дере нагузашта фавтид. Пас аз ӯ устоди бузург Давид Габрикейли, ки ҳофизи дӯстдоштаи Сталин буд, роҳбари ман шуд. Ӯ вақте даҳонашро мекушод, толор меларзид, аммо Габрийкели низ дар 61 — солагӣ фавтид ва ман ба гурӯҳи Евгений Нестеренко афтидам. Ӯ шогирди Луканин, Луканин шогирди Габел ва Габел шогирди бастакори машҳури италиявӣ Эверарди буд. Яъне, ман камубеш аз мактаби санъати итолиёвӣ баҳра мегирифтам…
-Чаро баъди хатми Консерватория дар Маскав намондед?
-Ман мехостам, ки дар «Болшой театр» монам, вале Нестеренко нагузошт. Пурсидам, чаро? Ӯ гуфт, ки мо даҳҳо сарояндаи унвондор дорем ва ба ту, тоҷикистонии беунвон навбат намерасад. То ту худатро нишон медиҳӣ, ки солҳои зиёд барҳадар меравад. Бинобар ин, аввал ба Душанбе рав, чун кадри кишвари худ, чанд сол кор карда, таҷриба ва унвон гир, пасон ман худам туро даъват мекунам. Воқеан, пас аз оне ки ин ҷо 7 сол кор карда, унвони Ҳунарпеши шоистаи Тоҷикистонро гирифтам, Нестеренко ба қавлаш вафо карда, соли 1987 маро даъват кард ва ман дар «Болшой театр» партияҳои асосиро бозӣ кардам. Аммо ҳамеша дар бораи орзуи 20 — солаи худ Италия – «Макка»-и опера фикр мекардам. Ҳамон сол як нафар эмпризариои (баргузоркунандаи консертҳо – ред.) немис омада бо ман шартнома баст ва маро барои гузоштани консерт ба Германия Шарқӣ даъват кард. Ман бо ҳамсарам Дилбар Валаматзода, аввалин арғунуннавози тоҷик ба Германия рафтем. Вақте ки мусиқии тоҷикиро дар арғунун нишон медодем, аврупоиҳо дар ҳайрат буданд ва ҳамин тавр роҳи ман ба Аврупо кушода шуд. Дар яке аз консертҳо дар толори «Фишер Дискао» як эмпризариои итолиёвӣ омад ва пешниҳод кард, ки дар Италия консерт баргузор намоям. Орзуи ман ҷомаи амал пӯшид ва ман дар Берг ва Милан консерт додам. Бо хоҳиши ман дар театри «Ласкано» маро гӯш карданд ва барои таҷриба андӯхтанам дар ин ҷо ризоият доданд, вале ба шарте ки ҷумҳурии худамон маблағи будубошамонро пардохт кунад… Мо ба Тоҷикистон бо 7 000 марк баргаштем, ки онро ба ҳукумат туҳфа кардем. Ҳамчунин, барои Иттифоқи нависандагон машинкаи чопӣ бо ҳуруфоти форсӣ туҳфа овардем. Чун дар ин ҷо диданд, ки мо фоидаи молӣ оварда метавонем, барои маблағгузорӣ кардани мо дар Италия маблағ ҷудо карданд… Ман дар Италия дар назди Франко Кореллӣ, ки бузургтарин сарояндаи опера дар охири қарни гузашта буд, таҷриба андӯхтам, аз санъати операи итолиёвӣ баҳравар шуда, он ҷо солҳои зиёд кор кардам ва беҳтарин партияҳои асосиро иҷро кардам…
-Ба ғайр аз масъулият, ки дар ибтидо гуфтед, чӣ шуморо водор кард, ки ба Ватан бозгардед?
-Тӯли солҳое, ки ман дар Италия будам, маро ҳамеша дар консертҳои ҳукуматӣ даъват менамуданд. Дар яке аз ҳамин консертҳо Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ман гуфтанд, ки Адҳам, бас аст, ба Ватан баргардед. Операи мо суст аст, ҷавонҳоямон таҷрибаи кофӣ надоранд, театри худамонро обод кунед. Илова бар ин, синну солам ҳам рафт ва Ватан маро ҷониби худ мекашид, модарам он вақт зинда буданд. Дигар ин ки дар Италия барои артисти синну соли ман гирифтани нақш ниҳоят душвор аст, гарчанде ки ман ҳеҷ гоҳ бекор набудам. Бинобар ин, баргаштам…Ва ин ҷо маро роҳбари бадеии театр таъин карданд.
-Дар бораи ҳамсаратон марҳум Дилбар Валаматзода, чанд ҳарф бигуед…
-Қисмати зиёди муваффақияти ман ба номи ӯ алоқаманд аст. Ӯ ҳамеша ҳамроҳи ман буд ва бо фикрҳои олиҷаноби худ, барномаҳои маро рангин мекард. Ӯ пианистка ва органисткаи олиҷаноб буд. Истеъдод ба ӯ аз падараш Ғаффор Валаматзодаи беназир, ки корҳои нодир мекард, гузашта буд. Вақте театри опера ва балет суст шуд, ӯро ба ин ҷо фиристоданд ва Ғаффор Рустамович омада, дар як муддати кӯтоҳ театрро обод кард. Аз Булғористон режиссёр даъват карда, «Орги ва Бес», беҳтарин операи ҳама давру замонҳоро ба саҳна гузошт, театр ба қомат рост кард. Дилбар ҳам аз падараш истеъдоди нодирро гирифта буд. Аммо умр вафо накарду ӯ фавтид… Ҷояш ҷаннат бод…
-Ҳоло Театри опера ва балети мо, ки шумо роҳбари бадеиаш ҳастед, дар кадом вазъ қарор дорад?
— Албатта, ҷанги шаҳрвандӣ театри моро хароб кард, беҳтарин санъаткорон рафтанд. Театри мо дар ҳолати назъ афтода, сифати спектаклҳо бад буданд. Аммо хушбахтона, солҳои охир ҳунармандони ҷавону боистеъдод пайдо шуданд. Худи ман бевосита бо онҳо ду сол боз машқ мекунам ва чанд асари хубро ба саҳна гузоштем…
-Консерваторияи мо ҳам сарояндагони хуби опера омода мекунад?
-Бале, яке аз онҳо Ҳуҷаста аст, ки дар Италия, дар назди ман таҷриба омӯхт.
-Бубинед, барои чӣ дар театрҳои мо намоишномаҳои калон, сарусадобарангез ва дар санъат инқилоб нест?
-Шуморо фаҳмидам. Ман роҳбари бадеии ин театр ҳастам. Барои як асарро ба саҳна гузоштан, сад мушкил пайдо мешад. Одамҳое ки санъати баландро дар умрашон надидаанд, масъалаҳоро ҳал мекунанд. Ин ниҳоят душвор аст. Зиддият бисёр. Шаш спектаклро омода кардам, сопранои пешбар Ирина Калесниковаро аз кор ронданд ва имрӯз 6 спектакл аз репертуар афтид. Ҷавонҳои зиёд рафтанд, чанд нафари дигар рафтанианд, ки мо онҳоро базӯр дошта истодаем…
— Шумо чанд сол пеш операи «Рӯдакӣ»-ро дар Қалъаи Ҳисор пешкаш кардед ва он замон баҳои баландро сазовор шуд. Чаро ин таҷрибаро, ки дар ҷаҳон машҳур аст, имрӯз такрор намекунед?
-Барои он ки намегузоранд. Муҳру имзо дар дасти ман нест. Бо гузоштани «Рӯдакӣ» дар Қалъаи Ҳисор мо Веронаи тоҷикро сохтем. Сафири Амрико вақте «Рӯдакӣ»-ро тамошо кард, хеста гуфт, ки ман худамро дар Верона ҳис кардам. Пас аз он пешниҳод кардам, ки «Аида»-ро дар «Верона» мемонам, аммо касе намеояд, мо дар «Рӯдакӣ» маблағи нағз кор накардем, гуфта намегузоранд. Аммо дар «Рӯдакӣ» ҳама омад, Қалъаи Ҳисор пур аз тамошобин буд, ҳатто кӯдакон омада, тамошо мекарданд. Мо бояд санъати асилро назди мардум барорем. Ман бузургтарин саҳнаҳои дунёро дидам, спектаклҳои бузургтаринро тамошо кардам, аммо маро касе гӯш намекунад.
-Италияро ёд мекунед?
-Бале. Дар Италия мардум ду чизро дӯст медоранд опера ва футболро. Бовар мекунед, ман 3 маротиба он ҷо ҷарроҳӣ шудам. Вақте маро ба беморхона мебурданд, мефаҳмиданд, ки маро, сарояндаи операро овардаанд, беморхона ба по мехест ва маро қариб бе пул нигоҳубину табобат мекарданд. Шукр, ки Италия маро фаромӯш накард. Ҳоло ҳам даъват мекунанд ва ман он ҷо консерт медиҳам.
-Дар Душанбе пас аз бозгашт рӯзгори шумо чӣ гуна сурат гирифт?
— Ман пушаймон нестам, ки баргаштам. Душанбе ҳам маро мисли Италия дӯст медорад. Ҳар куҷо, ки меравам, мешиносанду раҳмат мегӯянд. Мӯйсафедҳо маро дошта, мегӯянд, ки вақте ки ту мехонӣ, ҳаловат мебарем. Ман мегӯям, ки репертуари ман бештар ба забонҳои хориҷӣ аст, шумо чӣ гуна маро мефаҳмед? Намедонам, Уқоба чӣ хеле, ки иҷро мекунӣ, ҳамааш фаҳмост, мо кайф мекунем, мефаҳмем, мегӯянд, онҳо. Телевизиону радио ҳамеша даъват мекунанд, консертҳо ҷеғ мезананд. Хуб аст.
-70 ҳам омад…
-Дилам ҳоло ҷавон, чеҳраам ҳам пир нест гумон мекунам. Ман худамро тамоман калонсол ҳис намекунам. Ҳоло корҳои зиёде дар пеш аст, ки Худо хоҳад, бояд иҷро кунам. Фақат саломатӣ мехоҳам…
-Чаро дар бораи шумо китобе нашр намешавад?
-Чанд кас гуфт, аммо мехоҳам, онро худам нависам…
Мусоҳиб
Одили Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ