“Адабчӯб”. Оё хирс бо зарби чӯб мулло мешавад?

— Э вой, очаҷон, мурдам…

— Ҳе, бар падари ту лаънат. Боз мурғи ҳамсояро бо чӯбдаст мезанӣ? Ҳар рӯз ба сари ман омадани вай ба дилам задааст…

Садои пуралами Шерзоди 12-сола маҳалларо фаро гирифт ва ин саҳна сари ҳар вақт такрор мешаваду ба андешаи ман, то болиғ шудани писари ҳамсоя идома хоҳад дошт. Модари Шерзод бошад, на ба гапи калон гӯш медиҳаду на ба гапи хурд. Бобои Одинаи 80-сола, ҳамсояи дигари ин очаю бача борҳо ба ӯ мегӯяд, ки ин роҳи тарбияю ислоҳи Шерзод нест, аммо модари якрав дар ҷавоб аз ноилоҷӣ гиря мекунаду мегӯяд: “Чӣ кор кунам бобо? Падараш дар як сол як бор аз мардикорӣ меояду зуд меравад, чӣ хел тарбия кардани ин бетарбияро намедонам. Ӯ фақат забони ана ҳамин “адабчӯб”-ро медонаду халос…”.

“Забондонӣ”-и Шерзод ба сараш ҳар рӯз бало меорад ва ҳамсинфонаш ҳар замон ӯро барои зери чашми сиёҳгаштаю лаби кафидааш масхара мекунанд. Худи Шерзод бошад, дар байни ҳамсолонаш он қадар бачаи боҷуръате нест, ки ба ин масхараҳо ҷавоб гӯяд…

Чаро чунин аст ва чаро мо кӯдакони худро танҳо бо ҳамин роҳ тарбия кардан мехоҳем? Албатта, аксарият мегӯянд: “Хирс бо зарби чӯб мулло мешавад”. Аммо то имрӯз надидаем, ки ягон хирс бо ҳамин роҳ мулло шуда бошад, ба ғайр аз сирк, ки он ҳам танҳо чанд ҳаракати барои тамошобин аҷибро иҷро мекунаду халос…

Ё шояд истифода  аз “адабчӯб” хислати ирсии мост? Ҳар касе, ки “Мактаби кӯҳна”-устод Айниро хонда бошад, онҷо саҳнаи ҷазо додан ба шогирдони гапногир хеле аҷиб тасвир шудааст ва ҳатто асбоби ҷазо, ки “фаллоқ” ном дошт, доимо дар гӯшаи ҳуҷраи дарсхонӣ ҳамоил буд. Ман хонаводаеро низ медонам, ки барои ҷазои фарзандон аз ин “ҳунари” муллои ғиждувонӣ пайравӣ намуда, барои тарс додани фарзандони худ дар айвони хона қамчинеро овезон мекарданд. Аммо аз ҳафт фарзанди ин оила ягон нафарашон на “мулло” шуданду на Айнӣ. Баръакс, пас аз болиғ шудан онҳо падари пири худро эҳтиром намекарданд ва ин падар дур аз меҳри фарзандон вафот кард…

… Ҳамрӯза дар дунё 185 ҳазор нафар дар оила мавриди хушунат қарор мегиранд, ки як қисмати асосии он кӯдакон мебошанд. Аксари чунин ҳодисаҳо дар қораи Осиё ва Африқо сурат мегирад. Аз ин мисол хулоса кардан мукин аст, ки кӯдакситезӣ низ ба сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии минтақа вобаста аст.

Тавре аз расонаҳо медонем, ҳоло дар кишвари мо низ видеои ҳодисаҳои муносибати бераҳмонаи бибӣ ва ё падару модарон нисбати кӯдакон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор дода мешавад. Чунин муносибат нисбати фарзандони худ солҳои қаблӣ ҳам буданд, аммо чун он замон имконоти техникии “хабаркашиҳо” набуданд, ин саҳнаҳо пинҳон мемонданд. Ҳоло ки мадум сар то сар телефонбадаст шудаанд, чунин ҳолатҳо бештар расонаӣ мегарданд ва ин хуб ҳам ҳаст. Аммо вокуниш ба чунин ҳолатҳои истифода аз “адабчӯб” бояд на танҳо аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ (аҳсан ба онҳо, ки сари вақт ба чунин ҳодисаҳо вокуниши ҷиддӣ мекунанд!), балки аз тарафи маорифчиён ва аҳли ҷомеа низ сурат гираду садди роҳи чунин “тарбия” шаванд. Зеро кӯдаки имрӯза мард ё зани оянда ва муҳифизи Ватану тарбиятгари ояндаи оила аст. Ӯро бояд на дар муҳити тарсу ларз, балки чун мард ё зани озод ба воя расонд.

Воқеан, “бепадарӣ” низ яке аз зуҳуротест, ки модарони имрӯз аксаран танҳоро дар чорсӯи зиндагӣ на танҳо ба мушкилоти моддию маънавӣ, ҳамчунин ба мушкилоти тарбияи фарзандон рӯ ба рӯ кардааст. Зеро як суҳбати “мардонаи” падар бо фарзанд метавонад садди роҳи  бероҳагардию мардумозории бачаҳои якраву каҷрафтор гардад.

Равоншиноси кӯдакон Гулсимои Абдуваҳоб, устоди Донишгоҳи миллӣ дар ин маврид мегӯяд, ки агар кӯдак аз овони тифлӣ дар муҳити тарсу ларз, новобаста аз он ки ин ҳолат аз ҷониби кӣ сурат мегирад, ба воя расад, ӯ ҳамин тавр то охири умр ин ҳолатро аз худ дур карда наметавонад ва ҳамин тавр “маъюб” мемонад. Ин равоншинос машварат медиҳад, ки барои аз байн бурдани хушунату зӯроварӣ бояд волидайн ҳамроҳи фарзандон вақт гузаронанд, омӯзиши онлайнӣ тарҳрезӣ шавад ва табибони оилавӣ тез-тез кӯдаконро муоина кунанд. Барои ин, бояд як барномаи махсусе аз ҷониби ҳукумат роҳандозӣ гардад, ки маҳз ба ҳамин нукта нигаронида шуда бошад. Аммо то имрӯз чунин барномаи таъсирбахш роҳандозӣ нашудааст. Ҳанӯз ду-се сол пеш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфта буд, ки чунин барномаеро дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ роҳандозӣ карданӣ ҳастанд, аммо то имрӯз мо онро надидаем. Мавзӯи мазкур чун хеле муҳим аст, дар оянда низ аз ҷониби ҳафтанома пайгирӣ хоҳад шуд…

А. АҲМАДЗОДА,

шореҳи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *