Мирзо Муллоаҳмадов

Адабиётшинос Мирзо Муллоаҳмадов даргузашт

Субҳи имрӯз адабиётшинос Мирзо Муллоаҳмадов даргузашт. Ин хабарро аз Раёсати Академияи миллии илмҳо тасдиқ карданд. Як моҳ пас Муллоаҳмадов 75-сола мешуд.

Мирзо Муллоаҳмадов — адабиётшинос ва эроншинос, доктори илмҳои филология (1993), узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (2008), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1994) 20-уми феврали соли 1948 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1969 аз рӯи ихтисоси «шарқшиносӣ» хатм кардааст. Ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи эроншиносӣ ва ҳиндшиносӣ (1987-1993), муовини директори Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶТ (1989-1993), мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ (1995-1999), сардори Шуъбаи илмиву созмондиҳӣ (2000-2004), муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои ҶТ (2004 — то имрӯз) фаъолият кардааст.

Ба қалами ӯ беш аз 450 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ тааллуқ дорад, ки аз онҳо 15 монография ва маҷмӯаи мақолаҳо, беш аз 30 маҷмӯаи гуногун аз осори адибони гузаштаву муосири форсизабон мебошанд. Таҳти роҳбарии ӯ 14 нафар рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ кардаанд.

Мирзо Муллоаҳмадов дар ташкили конфронсу ҳамоишҳои илмӣ фаъолона ширкат варзида, котиби масъули Симпозиумҳои байналмилалии «Ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (1994), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон» (2001), Анҷумани панҷуми байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷику форс» (2006), «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» (2008) будааст. Дар беш аз 30 конфаронсу симпозиуми байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни олам баргузор шудаанд, ширкат варзидааст. Аз ҷумла, дар толори Созмони Милали Муттаҳид (Ню-Йорк, 18-уми июни 2008) дар мавзӯи «Рӯдакӣ — шоири бузурги башардӯст» суханронии илмӣ кардааст. Рӯдакишиносӣ яке аз самтҳои фаъолияти илмии номбурда буд. Дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ саҳми арзанда гузоштааст. Узви ҳайати таҳририяи «Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон, Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ», маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Теҳрон), фаслномаи илмӣ-пажуҳишии «Пажуҳишномаи таърих»-и Донишгоҳи озоди исломии Буҷнурд (Эрон), маҷаллаи Муассисаи фарҳангии ЭКО (Теҳрон), шӯрои дифои рисолаҳои доктории Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, узви раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва ғайра мебошад.

Аҳли қалами рӯзномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз даргузашти ходими илмиву ҷамъиятӣ сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони эшон ҳамдардӣ баён мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *