Адиби бе пушту паноҳ
Ёде аз Абдулвайси Азиз, ки дар 80-солагӣ аз Иттифоқи нависандагон ронда шуд
Абдулвайси Азиз адибе буд, ки хислатҳои ба худ хос дошт ва дар зиндагӣ на ҳама ӯро кашф карда тавонистанд.
Шиносоии банда бо ин марди наҷибу аҷиб ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ бо навиштани хабару мақола ва пайдо кардани робитаи эҷодӣ бо кормандони идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба вуқуъ омада буд. Он замон Абдулвайси Азиз кори омӯзгориро бо кори эҷодӣ иваз намуда, аз деҳаи Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе омада буд ва дар ин рӯзномаи бонуфуз дар қатори журналистони шуҳратёри он замон ва баъдтар шоиру нависандагони баркамол Кароматулло Мирзоев, Ато Ҳамдам, Гулназар Келдӣ, Иззатулло Ҳусайнӣ ва чанде дигарон ба ҳайси ходими адабӣ фаъолият мекард. Истеъдоди фавқулоддаи эҷодӣ доштани ӯро аз ибтидо ҳамагон эҳсос мекарданд. Навиштаҳояш диққати хонандагонро ҷалб месохт ва онҳоро ба андешаҳои дуродур мебурд. Абдулвайси Азиз дар эҷодаш ҳодисаҳои зиндагиро бештар ба алоқамандии Замину Кайҳон медонист. Аз ин рӯ баъзеҳо ӯро адиби кайҳоншинос ҳам меҳисобиданд.
Абдулвайси Азиз баъди фавти ягона писараш ва баъдан ҳамсараш андӯҳгин шуда, дар зиндагӣ канораҷӯиро ихтиёр кард ва аз ҳар гуна суҳбату вохӯриҳои номақбул худдорӣ менамуд. Таърифу тарғибашро тариқи шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ намехост. Барои ҳамин эҷодиёташ аз назари муҳаққиқон то андозае дур монда буд. Ӯ бо вуҷуди вақтҳои охир гӯшанишин буданаш имкон ёфта буд, ки беш аз 80 китобу китобчаҳои диққатҷалбкунанда таълиф намояд. Ин миқдор навиштаҷот барои ӯ ҳадди охир набуд. Зимни як суҳбат гуфта буд, ки агар умр бевафоӣ накунад, бойгониаш барои навиштани боз ҳамин қадар китобу китобчаҳо мерасад.
Абдулвайси Азиз солҳои 70-ум ва 80-уми асри сипаришуда дар муассисаи нашриявии «Адиб» бо адибони шинохта, аз ҷумла Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Раҷаб Мардон ва чанде дигарон ба ҳайси муҳаррир фаъолияти босамар дошт ва ба даҳҳо китобҳои тозанашр, аз ҷумла маҷмӯаҳои ашъори Лоиқ Шералӣ, Мастон Шералӣ ва ғайраҳо муҳаррирӣ низ кардааст. Соли 1989 барои ҳикояҳову очеркҳои солҳои 60-ум ба табъ расондааш, маҷмӯаи нахустинаш – «Сарбоз» (1984), қисса-киноповестҳояш бо номи «Абдукарим», «Ҳаким» ва «Ғӯл» ва маҷмӯаи дуюмаш «Рӯҳи замин» (1989), ки қиссаҳои «Модар» ва «Ятимони сарбоз»-ро дар бар мегирад, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда буд. Баъдан алоқамандони эҷодаш бо ҳикояҳои хурди пандомӯзу ангораҳояш, ки чанде аз онҳо дар маҷмӯаҳои «Офтоби сарҷӯ» (1991), «Дили сарҷӯ» (1993), «Баҳо» (2000), «Забон»(2008)», Ҷанг ва сулҳ» (2014), «Армуғонҳои ҷашнӣ» (2014) «Паёми ваҳдат» (2018), « Наврӯзи сайёра» (2018), «Шеди ниёгон» (2015), «Сайёҳ» (2017) ва ғайраҳо гирд омадаанд, шиносоӣ пайдо намуданд.
Мутаассифона дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон эҷоди пурарзишу сеҳрбаёни ин адиби хоксору шикастанафсро нодида гирифтанд ва бо пешниҳоди баъзе кӯтоҳназарон ӯро дар қатори 40 нафар адибони ҷавони солҳои охир ба узвият пазируфташуда, аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хориҷ намуданд. Ин амал барои адиби 80-сола, ки ҳанӯз солҳои пойдории Иттиҳоди Шӯравӣ ба узвияти ин Иттиҳодияи эҷодӣ қабул гардида буд, зарбае шуд ҷиҳати аз даст додани вазъи саломатиаш.
Абдулвайси Азиз сабаби ин нотавонбиниҳоро наҷуст, ҳатто эътиборе ҳам надод. Ба ёд овард саҳифаҳои таърихи башарро. Дар муқобили ҳамаи он дасисабозиҳое, ки дар замонҳои гуногун даҳҳо бузургмардону абарқудратҳоро сиёҳ кардаю садҳои дигарро қурбон намуданд, худро ҳеҷ шуморида, бо тасалло мегуфт:
— Ман кистам ва чӣ қудрате ҳам дорам назди ин соҳибқиронҳо!?
Ин адиби заҳматкаш ба нотавонбиниҳои замона тоб оварда, 82 сол умр дид, умри бобаракати эҷодӣ ва як сол қабл аз бемории сактаи дил бо ҳаёт падруд гуфт.
Ёдаш ба хайр бод, ин адиби бе пушту паноҳро!
Яҳё Шералӣ, собиқадори матбуот
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ