Ҳадиса: Ба Бозор унвони Шоири халқӣ диҳед, Пешвои миллат!

Ҳадиса Қурбонова, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз дӯстони наздики марҳум Бозор Собир аз президенти кишвар хоҳиш ба амал овардааст, ки ба Бозор Собир пас аз марг унвони Шоири халқии Тоҷикистон дода шавад. Ин пешниҳоди Ҳадиса Қурбонова дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба нашр расидааст.

Бозор Собир шоири машҳури тоҷик субҳи 1 май, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэттли Амрико дар синни 79 аз олам чашм пӯшид.   Матни муроҷиатномаи Ҳадиса Қурбоноваро ба шакли пурра пешкаши шумо мегардонем:

Ҳадиса Қурбонова ва Бозор Собир, зимни яке аз сафарҳои шоир ба Душанбе

Ба Бозор унвони Шоири халқӣ диҳед!

Аз марги Бозор  сахт дардмандаму мӯя мекашам. Ману Бозор ҳар ду сағераем, ҳар ду сағераи интернат. Мо ҳар ду ҳамтақдиру ҳамқаламу ҳамаламем… Ҳар дуи моро ҳамеша санг мезаданд, роҳ намедоданд, аммо дар паҳлӯи якдигар будем. Ӯ ба ман некиҳои зиёде карда, борҳо маро ҳимоя кардааст. Солҳои 90-ум  ман ҳам барояш сӯхтам, давидам… Бозор шоири бузургу сутурги адабиёти мо аст. Ӯ ватандӯсти ашаддӣ буд, ҳамеша барои Ватан месӯхт. Дар солҳои 70- 80-ум вақте касе аз миллат ҳарфе намегуфт, Бозору Лоиқ миллат мегуфтанд, тоҷик мегуфтанд. Ашъори ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷик (ва ҳам шӯравӣ) аз эҷодиёти дӯстони бузурги ман Лоиқу Бозор маншаъ мегирад. Бозор шоирест, ки ҳамаи эҷодиёташ дар қалби мардум аст, ашъори ӯро ҳама аз ёд медонанду мехонанд. Ӯ бешак, шоири халқист, халқии ҳақиқӣ. Аммо бо сабабҳои маълум ӯ унвони Шоири  халқии Тоҷикистонро дарёфт накард. Албатта, Бозор Собир барин шоири бузург дар мавриди ҷоизаву унвон фикр намекард, мисли дигарон талош кардаву намедавид, аммо ӯ бояд дар радифи устодон Турсунзода, Қаноат ва дигарон Шоири халқии Тоҷикистон бошад. Хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти шоирдӯсти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро барои Бозор Собир ба ҳамагон маълум аст ва ҳама аз эшон миннатдоранд. Илова бар ин, аз эшон мехоҳам, ки ба Бозор Собир пас аз марг унвони Шоири халқии Тоҷикистон дода шавад, мисле ки ба Шукӯҳӣ пас аз марг Ҷоизаи Рӯдакӣ дода шуд. Ин хоҳиши ман, хоҳиши ҳама сағераҳои интернат ва хоҳиши аҳли адаб аз Пешвои миллат аст…

Ҳадиса Қурбонова,

Шоири халқии Тоҷикистон

Манбаъ:  «Тоҷикистон» №18, 2018

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

24 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *