Адолат Бобоева табиби собиқадори беморхонаи Хуҷанд аз каронавирус даргузашт

Адолат Бобоева, раиси Иттифоқи касабаи беморхонаи клиникии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд бар асари бемории коронавирус даргузашт. Дар ин бора Манижа Маҳкамова як корбари Фейсбук дар такя ба иттилои ҳамкори марҳум Рустамҷон Сатторов хабар дод.

Тавре манбаъ хабар медиҳад:

“Ҳозир хабари нохуш расид дар асари ин бемории шум боз як ҳамкасбу табиб, модар, хоҳари меҳрубони мо раиси иттифоқи касабаи беморхонаи клиникии шаҳрии 1 Хуҷанд Бобоева Адолат Амоновна фавтиданд. Адолат давоми фаъолияташ дар байни коллективи беморхона ва беморон як инсони дилсузу меҳрубон ва донишу малакаи оли дошта сазовори обрӯю этъибори хосе дошт.

Ин талафот на балки барои беморхона инчунин миқёси шаҳру вилоят мебошад. Аз ин мо ҳамкасбон сахт андӯҳгин буда ҳамдардии самимии худро ба аҳли байту писараш Аҳмадҷон баён мекунем . Иллоҳи худои бузург раҳмат кунад ва ҷояшон аз ҷаннатул фирдавс гардонад ва ба фарзанду пайвандонаш сабру ҷамила ато фармояд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *