Адвокатҳо соҳибкор шуданд
Кумитаи андози Тоҷикистон бо судури як қарор адвокатҳо ё вакилони дифоъро ҳамчун соҳибкор эътироф кардааст.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, бо имзои як қарор гуфтааст, адвокатҳое, ки ба таври инфиродӣ фаъолият мекунанд, бояд кабинети адвокатӣ таъсис диҳанд ва мисли соҳибкорон андоз супоранд.
Бар асоси ин қарор, вакилони дифоъ дар Тоҷикистон минбаъд муваззаф хоҳанд буд, ҳамчун соҳибкор ду наъви андозро падохт кунанд. Вакилони дифоъ ҳам гуфтанд, онҳо аз даромади умумиашон тибқи низоми соддакардашуда 6 дарсадро ҳамчун андози иҷтимоӣ ва боз 1 дарсади дигарро ҳамчун андоз ба хазинаи давлат бояд супоранд. Вакилони дифоъ дар мақомоти андоз тибқи шаҳодатномаи адвокатии аз Вазорати адлия дарёфт кардааш сабти ном мешаванд. Нафаре дар Тоҷикистон вакили дифоъ ва ё адвокат эътироф мешавад, ки аз имтиҳони Вазорати адлия гузашта, шаҳодтаномаи адвокатӣ дарёфт кунад. Дар ҳоли ҳозир дар тамоми қаламрави Тоҷикистон 461 нафар аз имтиҳони адвокатӣ гузаштаанд.То қабули ин қонун дар Тоҷикистон 8 коллегияи адвокатҳо ва ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили дифоъ фаъолият мекарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ