Адвокат вазифадор нест,ки аз муфаттиш иҷозат пурсад
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули як лоиҳа адвокатҳои тоҷикро аз гирифтани иҷозатнома барои мулоқот бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ё судшаванда, озод намуданд.
То ин дам адвокатҳо қабл аз мулоқот бо зерҳимояи худ, аз мақомоти тафтишотӣ ва ё прокурор расман иҷоза мегирифтанд.
Масъалаи озод намудани адвокатҳо аз гирифтани иҷозатнома рӯзи 16-уми декабр дар ҷаласаи навбатии порлумони Тоҷикистон ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванд», мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ