Адвокати қаллоб ба даст афтод
Умед Зокиров, адвокати коллегияи адвокатҳои шаҳри Конибодом бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, Умед Зокиров чанд мӯҳри қалбакии додгоҳ ва идораҳои дигари давлатиро сохта, бо истифода аз онҳо ақди никоҳи 7 ҷуфтро «бекор” кардааст.
Дар шаҳри Конибодом адвокатеро дастгир карданд, ки бо истифода аз мӯҳрҳои қалбакӣ қарорҳои қалбакии додгоҳро ба корафтодагон мефурӯхт. Умед Зокиров, адвокати коллегияи адвокатҳои шаҳри Конибодом ба қаллобӣ ва сохтакории санадҳо айбдор мешавад.
Ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки Умед Зокиров дастикам 7 ҳалномаи судро дар ивазӣ 4 ҳазор сомонӣ «ҳаққи хидмат” сохтакорӣ карда, ақди никоҳи 7 ҷуфтро «бекор” кардааст.
Умед Зокиров бо он ки узви коллегияи адвокатҳо буд, дар ягон парвандаи ҷиноятӣ ё шаҳрвандӣ иштирок намекард, балки аз ҳисоби фурӯши санадҳои қалбакӣ зиндагӣ мекард. Ӯ аз ҷумла чанд мӯҳру штампи қалбакӣ сохта, ба корафтодагон ваколатнома, аз ҷумла ваколатнома барои аз қаламрави Тоҷикистон ба хориҷ бурдани фарзандонро мефурӯхт. «Розигии падару модар” барои сафари ин кӯдакон, албатта, қалбакӣ буд ва Зокиров бо мӯҳри қалбакиаш онро «қонунӣ” мекард.
Умед Зокиров ҳатто аз номи идораҳои нотариалии Русия бо мӯҳри қалбакӣ санад месохтааст.
Сохтакориҳои Умед Зокиров тасодуфан ошкор шудааст. Дар идораи сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС)-и шаҳри Конибодом дар зери як санади бекор кардани ақди никоҳ мебинанд, ки имзои тарафи дигар нест ва он санадро барои тасдиқ ба додгоҳ фиристодааст. Дар ҷараёни санҷиши санад дар додгоҳ маълум мешавад, ки додгоҳ аслан дар бораи ҷудо кардани ин ҷуфт ягон ҳалнома набаровардааст.
Тафтиши амиқтар дар ин қазия даст доштани Умед Зокировро ошкор кардааст. Баъдан маълум шудааст, ки ин адвокат чандин ҳалномаҳои судиро дар бораи ҷудо намудани алимент барои кӯдакони ноболиғ, бекор кардани ақди никоҳ сохтакорӣ карда, ҳамчунин ба сохтану фурӯхтани ваколатномаҳои қалбакӣ машғул будааст.
Корафтодагони фиребхӯрда гуфтаанд, ки онҳо аз қалбакӣ будани санадҳои додаи Умед Зокиров ҳатто хабар надоштанд. Адвокат ба муштариёнаш мегуфтааст, ки метавонанд ба додгоҳ наоянд, пулашро диҳанд, ӯ худаш ҳама чизро ҳал мекунад. Умед Зокиров аз ҳар муштарӣ 4000 сомонӣ ҳақ мегирифтааст.
Чанд сол пеш як корманди идораи зиндонҳои Тоҷикистон низ бо айни қаллобӣ дастгир шуда буд. Ӯ бо сохтакорӣ кардани ҳуҷҷатҳои додгоҳӣ ҳудуди 20 маҳбусро «афв” карда, аз маҳбас ҷавоб дода буд. Баъди боздошти ин мансабдор маҳбусонеро, ки бархеаш алакай чандин моҳ дар озодӣ нафас мекашиданд, дастгир карда, боз пушти панҷара шинонданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ