Ҳадяи 8 миллион долларии Алишер Усмонов ба маркази тамаддуни исломӣ
Тоҷири узбактабори Русия Алишер Усмонов ба маркази тамаддуни исломӣ, ки дар шаҳри Тошканд ҷойгир шудааст маҷмӯаи китобҳои нодир ба арзиши 8 миллион доллар тақдим кардааст, гуфт роҳбари марказ Шоазим Миноваров.
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, моҳи июни соли 2017 қарор дар бораи бунёди маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошкандро ба имзо расонида буд. Тибқи санади мазкур, Усмонов барои бунёди ин марказ, ки як сол баъд шурӯъ шудааст, аз ҳисоби худаш сармоягузорӣ хоҳад кард.
“Алишер Усмонов ба маркази тамаддуни исломии Узбакситон маҷмӯаи китобҳо ба арзиши 8 миллион доллар тақдим кард”, — гуфт Миноваров зимни суҳбат бо хабаргузории милии УзА.
Вай таъкид кард, ки маҷмӯаи китобҳо тақрибан аз 5 ҳазор китоби нодир ба забонҳои лотинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва забони олмонӣ, ки дар қарни XIII ба чоп расидаанд, иборат мебошад. Китобҳо асосан дар бораи таъсири ҷаҳони Исилом ба Аврупо рабт доранд. Инчунин миёни ин китобҳо аввалин тарҷумаи китоби Абуалӣ ибни Сино “Қонуни тиб” ба забони лотинӣ будааст.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар Узбакистон беш аз 1,3 ҳазор донишҷӯ таҳсилоти динӣ мегиранд. Онҳо дар 9 мадраса, ки дорои мақоми муассисаи миёнаи махсуси таҳсилотӣ ҳастанд, таҳсил мекунанд.
Инчунин ҷавонон метавонанд дар мадрасаи “Мир Араб”, Донишгоҳи Исломии Тошканд ва Донишкадаи Исломии Тошканд таҳсилоти динӣ бигиранд.
Инчунин дар соли 2018 дар шаҳри Самарқанд бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбакистон, як муссисаи илмии исломӣ Маркази таҳқиқоти байналмилалӣ ба номи Имом ал-Бухорӣ ифтитоҳ ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ