Афғонистон: Ҷонбохтагони зилзила ба 2053 нафар расид
Дар пайи зилзилаи 8-октябр дар кишвари ҳамсояи Афғонистон 2053 нафар ҷон бохта, зиёда аз 9 000 нафар захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи намояндагони ҳукумати «Толибон», теъдоди зиёди қурбониён дар вилояти Ҳирот ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, шумораи зиёди одамон бенишон шуданд, ки ҳоло ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.
Шиддати зилзилаи маргбор 6.3 дараҷаи Рихтер ба қайд гирифта шуда, 1328 хона вайрон ё зарар дидаанд.
Дар ҳамин ҳол, мардуми осебдида интизори кӯмак ҳастанд ва ҳар замон таконҳои пайиҳами зилзила онҳоро нигарон кардааст.
Ҳатто бархе мардум хонаҳояшонро тарк карда, ба вилоятҳои дигар кӯчидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ