Афғонистон: зиндагӣ дар паҳлуи хатар маънои эмин будан аз хатарро надорад

Ин бори аввал нест, ки сарзамини Афғонистон ба номаш, яъне макони фарёду фиғон, арсаи шӯру исён ва бедодгариву даҳшатҳо мувофиқати комил пайдо мекунад, ба қавле шаклу мазмун як мегардад ва мутаассифона, бори аввал нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷуз раҳбари чанд кишвари ангуштшумори дунё, садои виҷдон баланд намекунад…

Ин бори аввал нест, ки таърих такрор мешавад… Ва иллати аслии такрори  фоҷеоти таърих ҳамоно бетарафию беэътиноии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба бадбахтиву ҳаводиси шуми кишварҳои алоҳида будааст.

Барои собит намудани ин андеша аз таърих мисолҳо ҷустан аз ҳама кори осон аст, танҳо дар асри пор ду ҷанги ҷаҳониро сабаб ҳамин беэътиноии башарият ба сарнавишти худаш буд. Ҳикмати мардуми тоҷик  мегӯяд: агар сӯхторе дар ҷангал сар зад, ҳама хушку тар месӯзад… Ба ҳамин маъно тамоми мардуми дунё бо ин ё он лафз ҳикматҳо доранд. Ҷорҷ Бернард Шоу, ки аксар фоҷиаҳои инсониро тавассути каломи бадеъ пешгӯӣ мекард, асли ҳама шӯрбахтиҳои ҷаҳони инсониро дар зуҳури тарс дидааст: “Бузургтарин аблаҳии башарият тарс аст – тарс аз гуфтугӯи ошкоро, тарс аз содир намудани рафтори оқилона, тарс аз эътироф кардани падидаҳои бад. Мо ҳамеша метарсем ва ҳамин аст, ки ҳамеша бохт дорем…”. Хавфи дигари ояндаи башариятро Ҷейн Гудолл дар бетарафӣ дидааст.

Ҳамин ду тарзи муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи Афғонистон ва дақиқан ба тоҷиккушиҳо дар Панҷшер кишварҳои оламро ба ду даста ҷудо кард: тарсу рақобати абарқудратҳо аз ҳамдигар ва бетарафии давлатҳои боқӣ, кишварҳое, ки ба ҷуз ғами худӣ ба сар фикри дигар надоранд. Чунин хулоса мешавад, ки ҷаҳони имрӯза ба театр шабеҳ шудааст: аксарият бинанда ҳастанд, тамошобини хамӯши фоҷиаҳо…

Мутафаккир ва муҳаққиқи барҷастаи фаронсавӣ, муаллифи шоҳкори “Тамаддуни юнонӣ” Андре Боннар гуфтори ҳакимонае дорад: “фоҷиаҳоро бо ашк ва хун менависанд…”. Қалами фоҷиаи Афғонистони кунунӣ ҳам олудаи ашку хун аст: дер ё зуд ин фоҷиа ҳам хотима меёбад, аммо он тамошобинони бетарафи театри мулки афғон таассуроти хешро чӣ навъ ба мардумонашон мегуфта бошанд? Гуфтем, ки таърих мудом такрор мешавад, аммо на айнан.

Ба шакле дигар, маротибаи аввали сари ҳукумат омадани толибон (1996-2001) тоҷикони сарбаланди панҷшерӣ бо сарварии Аҳмадшоҳи Масъуд таслим нашуда, давоми ин панҷ соли сияҳкории толибони ваҳшитабиат ливои мубориза барои ҳифзи шаъну эътибори худро болои сар нигаҳ медоштанд. Таърихро бубинед, ки ин дафъа парчами дифои номуси тоҷикон ба дасти фарзонафарзанди Масъуди сипаҳсолор – Аҳмад Масъуди хурдӣ расид ва ҳанӯз ҳам болои сари сарафрохтагону сарбаландон ҷилвагар аст.

Одати сарафрохтагон аст, ки ба ҳеҷ далеле назди зиштиву разолатҳо сар намефуроранд. Мисоли кучаке аз таърих. Фиристодаи шоҳи Инглистон Георги 3, ки аз соли 1760 то 1811 ҳукумат меронд, яъне лорд Маккартни ба дарбори императори Чин Сзянлун (1736-1796) пазируфта нашуд. Ӯро чунон ки мебояд, қабул накарданд. Сабаб ин буд, ки ин шахсияти фарҳехтаи сиёсӣ расми хеле манфури таъзиму побӯсии монархи Чинро, ки маънояш волоияти ҳукми фармонравои Чин нисбат ба ҳама, ҳатто бегонагон буд, сарбаландона рад кард…

Ин ҳодиса дар китоби муътабари Арнолд Тойнби “Маърифати таърих” батафсил нақл шудааст, ки мо танҳо хулосаашро овардем. Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер низ таслиму побӯсӣ назди толибон ва усули ваҳшатангези давлатдории онҳоро инкор кард ва то кунун аз мубориза даст накашидани ин размандагони ғаюри озодихоҳ хулосаеро пеши рӯ меорад, ки ба ғояи марказии асари “Пирамард ва дарё”-и Эрнест Ҳемингуэй шабеҳ аст: “Инсон на ба он хотир мезияд, ки мағлубиятро бипазирад, одамро ҷисман нобуд метавон кард, аммо мағлуб наметавон кард…”.

Сарзамини зебову ободи Хуросон на як бору ду бор шоҳиди чунин ваҳшониятҳо будааст. Дар нимаи дувуми асри XII ғузҳои ваҳшӣ ба Хуросон ҳамла оварда, баъди сарнагун кардани Султон Санҷар ончунон бедодгариҳо карданд, ки аз ҳофизаи миллат ба ҳеҷ ваҷҳ он бедодиҳо фаромӯш намешавад: аксар бузургони илму андеша кушта  шуда, шаҳрҳои ободи Хуросон ба хок яксон карда шуданд. Миёни он бузургон саромади уламои он рӯзгор Имом Муҳаммади Яҳё низ буд, ки бераҳмона қатл шуд. Дар марги фоҷиабори ин олими забардаст шоири тавонои тоҷик Хоқонии Шарвонӣ шеъре гуфтааст бо матлаъи зер:

Хоқониё, ба сӯги Хуросон

сиёҳ пӯш,

К-асҳоби фитна гирди

савораш сипоҳ бурд…

Ҳамакнун, толибон низ, мисли ғузҳо Хуросони бузургро ба харобиҳо мекашанд: аллакай раванди “паштукунонии саросарии Афғонистон” роҳандозӣ шуда, аз қавонини мудҳиши қурунивустоиашон дар садаи XXI андешамандони олам ангушти ҳайрат ба даҳан мебаранд: аллакай ягона вазорате, ки ба умури занон ва дастгирии иҷтимоии онҳо масъулият дошт, барҳам дода шуд, рафтани духтарон ба макотиб манъ шуд, ҳамагуна эътирозоти мардум саркӯб шуда, ҳатто инъикоси намоишҳои эътирозӣ аз ҷониби расонаҳои хориҷӣ мамнӯъ эълом гардид.

Дар ҳайати ҳукумати нави толибон ба ҷуз ду тоҷику як ӯзбек (ки онҳоро низ наметавон тоҷику ӯзбек гуфт, чун ҳувиятбохтаву батамом тафаккури толибонӣ доранд) ҳатто як намояндаи занҳо нест, аз қавмияту қабилаҳои дигар ҳоҷати сухан ҳам нест… Эҳсоси занбадбинии толибон, ки аслан ва куллан ҳама паштунҳои биёбонианд, таърихи бисёрасра дорад. Дар консепсияи “паштунволӣ”-и онҳо одитарин зуҳуроти озодии зан ҷазои бераҳмона дорад, ки на дар мазҳаби ҳанафӣ ҳасту на дар шофеъӣ…

Банда аз чанд рӯҳонии тоҷик суол кардам, ки “оё шариати исломӣ монеъи раҳбарии зан ҳаст?” ва посухи ҳама яксон буд: мушкиле нест. Танҳо як нафар ҷузъиётеро шарҳ дод, ки нашнида будам: танҳо ҳукми зан ҳангоми баровардани ҳукми қатл ва сангсор (агар зан қозӣ бошад) ба эътибор гирифта намешавад, чун дар ниҳоди занон раҳму шафқат ва меҳрубонӣ нисбат ба мардон бештар аст… Яъне дар сохтори давлатдорӣ ширкат кардани занон аз нигоҳи шаръӣ проблема надорад, зиёда аз ин, таҳсили илм барои бонувон баробари мардон фарз мебошад… Аз мавқеи фиқҳи ҳанафӣ, танҳо дар сурати исботи бодалел зану марди хиёнаткор ҷазо мегиранд, барои паштунҳои ҷоҳил ҳатто бадгумонӣ (ё шубҳа) низ асос барои сангсор шудани инсон шуда метавонад. Ин ҳама қавонини бераҳмона аз табиати ваҳшиёнаи толибон сарчашма мегирад…

Чун шуълаҳои офтоб рӯшан аст, ки ҳарфи муҳимро дар муноқишоти кишварҳо абарқудратҳо мегӯянд, аммо то кунун ба ҷуз Эрон, ки неруи асосии минтақа аст, се абарқудрати дигар – ИМА, Русия ва Чин хамӯшӣ ихтиёр карда, аз таҳаввулоти толибон интизориҳо доранд. Бунёди ҳукумати якқавмии толибон ва тоҷиккушиҳо дар Панҷшер то ҳол ин абарқудратҳоро ба худ наовардааст.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳатто Ӯзбекистону Қирғизистон хостори муносиботи танготанг бо толибон шудаанд. Танҳо Тоҷикистон аст, ки паёпай аз фоҷиаҳои инсонӣ ва фалокати башарии Афғонистон эътирози ошкоро мекунад ва созмонҳои байналмилалиро ҳушдор ва ба кумаки мардуми офатзадаи ин сарзамин даъват менамояд. Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал дар ҷаласаи ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлол дар кохи “Борбад” баъди изҳороти 22-юми июл, маротибаи  дигар мавқеи Тоҷикистонро мушаххас кард: “Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад.

Бинобар ин, мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем”.

Нуктаи муҳими дигар: “Ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд. Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд. Бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад”.

Гуфтугӯву дидор бо президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Раисӣ мавқеъҳои ин ду кишварро нисбат ба қазияи Афғонистон хеле наздик кард. Аммо суҳбати калидӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай бо сарвазири Покистон Имрон Хон буд, ки бо пофишориҳо ва саъю талошҳои ҷиддии Сарвари давлати тоҷикон натиҷаи нек ҳосил кард: ҷониби Покистон розӣ шуд ва ваъда ҳам кард, ки масъалаи тоҷиконро дар Афғонистон, ҳамчунин, таъсиси давлати инклюзив ё ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳама ақвоми ин сарзамин, аз ҷумла, тоҷикону ҳазораҳо ва ӯбекҳо бо толибон матраҳ мекунад ва, инчунин, дар Душанбе сари мизи гуфтугӯ нишастани ҷонибҳои манфиатдорро қобили қабул мешуморад. Дар таърихи навини ҷаҳон ин бори аввал аст, ки на абарқудрате, балки як кишвари сулҳу суботхоҳи минтақа ҳарфи муҳим мегӯяд ва он ҳарф пазируфта мешавад.

Ҳоло ба шумори кишварҳое, ки таҳаввулоти навро дар Афғонистон ҷонибдоранд, ба ҷуз Тоҷикистону Эрон, Қазоқистону Фаронса инчунин Покистон ҳам зам шуд. Ҳарчанд нисбат ба давлати Покистон на ҳама сиёсатмадорону сиёсатшиносон хушбинанд (чун дахолати ҳарбию низомии ин кишвар ба Панҷшер собит аст ва инчунин зодгоҳу макони парваришёфтаи толибон низ мадориси ин кишвар аст), аммо бо вуҷуд, ба ин назарам, ки рӯшание дар охири нақби навмедӣ намоён шудааст. Ин таҳаввулот бо чӣ меанҷомад, чунонки мегӯянд, вақт нишон хоҳад дод.

Ба ҳар сурате ки бошад, роҳу равиши кунунии ҳукуматдории толибон хатари азиме на танҳо ба амнияти ҷаҳони имрӯз, балки ба тамаддуни инсонист. Зиндагӣ дар паҳлуи хатар эмин будан аз хатарро надорад, ин ҳикмати таърих аст, ки борҳо исбот шуда. Солҳои ҳаштодум доираҳои махсуси ҳарбию ҷосусии Ғарб алорағми дахолати Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон гурӯҳи террористии толибонро (бо кумаки бевосита ва сарпарастии Покистон) сохтанд ва маротибаи дувум аст, ки ин гурӯҳи ҷангҷӯ сари ҳокимият меояд.

Ин навъи рақобати давлатҳои зӯровар бумеранг ном силоҳи аборигенҳои Австралияро ба хотир меорад. Бумерангро ба ҳар тарафе, ки партоӣ, оқибат ба ҷойи аввала бармегардад. Хатти парвози бумерангро тағйир додан имкон надорад, онро ҳатман бояд шикаст. Ягона роҳи халосӣ аз ин варта ҷонибдорӣ аз ибтикороти Тоҷикистон аст: бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он мусоидат кунад, ки давлати фарогире дар Афғонистон рӯйи саҳна ояд ва дар он ҳама ақвом, минҷумла, тоҷикон, ки қариб нисфи аҳолии ин мамлакатро ташкил медиҳанд, ҷойгоҳи муҳим дошта бошанд.

Варианти дигар – аз беху бун баркандани бадист. Дар мағзи сари ҳеҷ инсони ҳушманди асри XXI ин андеша ҷо намегирад, ки феодализми пӯсидаи асримиёнагӣ эҳё мешавад. Зеро феодализм аллакай моли таърих шудааст…

Ҳафиз РАҲМОН устоди ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *