Афғонистон: 21 ҷангҷӯи Толиб маҳв карда шуд

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, 21 ҷангҷӯи Толиб ва аз ҷумла як фармондеҳи онҳоро дар амалиёт дар ҷануби кишвар куштанд ва 9 тани дигарро маҷрӯҳ карданд.

Дар баёнияи расмии ҳукумати вилояти Ҳилманд аз рӯзи 12-уми март омадааст, амалиёт дар 24 соати гузашта ва дар наздикии Лашкаргоҳ маркази вилояти Ҳилманд сурат гирифт. Дар натиҷаи амалиёт, ки бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоӣ сурат гирифтааст, чанд минтақаи наздик ба Лашкаргоҳро аз ҳузури ҷангҷӯён пок кардаанд.

Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикии ноҳияҳои Нодалӣ ва Гармсер, Мулло Аваз фармондеҳи маҳаллӣ кушта шудааст. Вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи 11-уми март гуфт, дар 24 соати гузашта нерӯҳои амниятӣ дар саросари кишвар 51 ҷангҷӯи мусаллаҳро куштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *