Афғонистон: Фирори сокинони осоишта аз ҷанг
Даҳҳо ҳазор одам шаҳри Кундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистонро, ки дар он задухурдҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати Толибон идома дорад, тарк кардаанд.
Ба ҳисоби СММ, аз 3 октябри соли равон инҷониб, дақиқтараш баъди оғози ҳамлаи густардаи ҷангиён ба Кундуз 33 ҳазор одам аз ин шаҳр куч бастаанд.
Даргириҳои мазкур сокинони ин минтақаи муҳимми стратегии Афғонистонро бо мушкили норасоии об, ғизо, дору ва нерӯи барқ рӯбарӯ хоҳад кард. Вазорати умури гурезаҳои Афғонистон мегӯяд, шумори умумии одамоне, ки Кундузро тарк кардаанд, ба 100 ҳазор нафар мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ