Афғонистон марзашро бо Тоҷикистон мебандад
Ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, ки дар рӯзи баргузории интихоботи порлумонӣ ё Вулуси Ҷирга дар он кишвар марзашро бо Тоҷикистон муваққатан бибандад.
Масъулони сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфтанд, ки «чунин тасмим бесобиқа аст».Интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон рӯзи 20-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Аммо ба далели ҳамлаҳои маргбори террористӣ дар Қандаҳор раъйдиҳӣ дар ин минтақа ба як ҳафтаи дертар гузошта шудааст.Нусрат Раҳимӣ, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, рӯзи 19-уми октябр дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки тасмими бастани марзҳо ба хотири «таъмини амният дар рӯзи баргузории интихобот» ва «ҷилавгирӣ аз тақаллубкорӣ» гирифта шудааст. Ба қавли Раҳимӣ, дар ин рӯз равуои шаҳрвандон ва, ҳамин тавр, ҳаракати мошинҳо аз марзҳои Афғонистон муваққатан қатъ карда мешавад. Фаҳим Кӯҳдоманӣ, котиби аввали сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, рӯзи 19-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, «дар таърихи Афғонистон чунин тасмим бесобиқа мебошад».Кӯҳдоманӣ дар посух ба ин суол, ки оё дар бинои сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе низ раъйдиҳӣ сурат мегирад, гуфт: «На, ин интихоботи порлумонӣ аст ва тибқи қонунгузорӣ интихоботи вакилони мардумӣ танҳо дар дохили кишвар роҳандозӣ мешавад».Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад. Ва дар тӯли марз панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ фаъол аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ