Афғонистон: «Модари ҳамаи бомбаҳо» 36 ҷанҷӯи ДИИШ-ро кушт

Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки дар пайи партоби қавитарин бомбаи ғайриҳастаӣ дар шарқи ин кишвар 36 ҷангҷӯи гуруҳи даҳшатафкани «Давлати исломӣ» кушта шудаанд. Ин бомбаи маъруф бо номи «модари ҳамаи бомбаҳо» шоми 13 апрел аз тарафи нирӯҳои амрикоӣ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон, наздик ба марзи Покистон истифода шуд. Қудрату тавоноии тахрибкории ин бомба ба 11 тонна TNT баробар аст ва гуфта мешавад, ғору туннелҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро ҳадаф қарор додааст. Ин бомба соли 2003 озмоиш шуда ва қавитарин бомбаи ғайриҳастаӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва бо воситаи ҳавопаймои борбари МC-130 бо чатр ба замин партоб мешавад. Мақомоти Амрико гуфтанд, ин бомба 9 метр дарозӣ ва 10 тонна вазн дошта, барои он истифода мешавад, ки минтақаи васеи душманро тахриб кунад ва таъсири равонӣ ва ваҳшатноке бар нерӯҳои тарафи муқобил бигузорад. Дар ҳоле ки Доналд Трамп, президенти Амрико, ба амалиёти шоми панҷшанбе баҳои баланд дод ва аз низомиёни кишвараш ситоиш кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *