Афғонистон-нооромтарин кишвари ҷаҳон
Бар асоси натиҷагирии Феҳристи солонаи сулҳи Амрико Афғонистон аз лиҳози масоили амниятӣ ва таъмини субот дар кишвар дар зинаи охир ҷой гирифтааст.
Бар асоси натиҷагирии Феҳристи солонаи сулҳи Амрико Афғонистон аз лиҳози масоили амниятӣ ва таъмини субот дар кишвар дар зинаи охир ҷой гирифтааст.
Ҳамзамон, дар ин ҳуҷҷат таъкид шудааст, дар Афғонистон талошҳо барои поён додани ҷанги ҳаждаҳсола дар кишвар ва музокироти сулҳ бо ҷонибҳои даргир оғоз шудааст.
Соли гузашта намояндагони ИМА ва Толибон музокироти сулҳро дар шаҳри Доҳаи Қатар оғоз карданд, ки ҳадафаш хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон буд.
Залмай Халилзод, раҳбарии гурӯҳи музокиротии Амрикоро дар пойтахти Қатар ӯҳда дошт.
То ин замон Толибон гуфтаанд, ки аз музокирот бо ҳукумати Афғонистон худдорӣ мекунанд ва ҳукумати марказии Кобулро “як лӯхтаки Ғарб” меноманд.
Шарти Толибон ин аст, ки пеш аз шурӯи гуфтугӯҳо бо Кобул нирӯҳои хориҷӣ аз кишвар берун карда шаванд.
Ҳамзамон, рӯзи 28 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав дидори чеҳраҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии Афғонистон ва як ҳайати Толибон баргузор гардид.
Дар ин мулоқот чеҳраҳои саршиноси Афғонистон чун Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ва ҳайати 14-нафараи Толибон бо раҳбарии муовини раҳбари ин гурӯҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар ширкат карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ