Афғонистон: Пуштаҳо аз куштаҳо…Ин бор 48 нафар…

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар як маркази таълимӣ дар маҳаллаи шианишини Кобул, 48 нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо донишомӯзон ҳастанд.

Шахси ҳамлавар баъд аз зӯҳри чаҳоршанбеи 15-уми август ба мактаби хусусии «Маҳдии мавъуд» дар минтақаи Дашти Барчии Кобул рафт ва маводи таркандаро дар дохили як синфхонаи калони пур аз донишомӯз, инфиҷор дод.Ҳашматуллоҳ Станакзай, сухангӯи фармондеҳии амнияти Кобул ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки шахси ҳамлакунанда пои пиёда нахуст дохили ин маркази омӯзишӣ шуд ва худро тарконд. Ба гузориши хабаргузориҳо, дар яке аз синфхонаҳои ин маркази омӯзишӣ донишҷӯён барои таҳсилоти донишгоҳӣ омодагӣ медиданд.Сухангӯи пулиси Кобул гуфтааст, «ҳудуди соати чаҳори баъд аз зуҳр як ҳамлавари интиҳорӣ маводеро, ки дар бадани худ баста буд, дохили маркази омӯзишии «Маҳдии мавъуд» мунфаҷир кард. Бар асари таркиш 48 нафар кушта ва 67 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки аксари онҳо донишомӯзон ҳастанд».Ин сухангӯи пулис таъкид кард, ки талафоти ин ҳамла мумкин аст афзоиш ёбад. Маълум нест, ҳангоми рух додани таркиш, чӣ теъдод аз донишомӯзон дар ин марказ буданд. Яке аз донишомӯзон, ки шоҳиди ҳамла буд, гуфт, дар вақти рӯй додани ҳодиса, ҳудуди сад нафар дар ин маркази омӯзишӣ буданд, вале мақомот ҳанӯз ин оморро таъйид накардаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *