Афғонистон Сафаргул Одинаева ва ҳамрҳони ДИИШ-гарояшро ба Тоҷикистон истирдод намуд
Мақомоти Афғонистон як зан ва ду марди тоҷики гумонбар ба терроризмро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Хушнуд Махсумов – сокини 33-солаи ноҳияи Ҳисор, Ҷамолиддин Ҳасанов – сокини 31-солаи Душанбе ва Сафаргул Одинаева – сокини 34-солаи ноҳияи Мӯъминобод, ки ду моҳи қабл дар Афғонистон боздошт шуданд, ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон супурда шуданд.
Мақомот гуфтанд, ки ин се нафар бо ҳам дар канали радиои интернетии Зелло бо ҳам шинос шуда, аввал ба Зоҳидони Эрон ва сипас бо ҳадафи пайвастан ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба Афғонистон рафтаанд. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфтааст, аз ин ду марди ҳамроҳаш бузургтар будааст. “Аз ин рӯ, онҳо барояш ваъда медиҳанд, ки дар Афғонистон бо ягон узви ДИИШ ба шавҳар медиҳанд”, — афзуд ӯ.
Ҷузъиёти берун шудани онҳо аз Тоҷикистон ва дастрас кардани визаи Эрон маълум нест. Аммо ба гуфтаи мақомот ба онҳо дар Зоҳидон шиносномаи шаҳрванди Афғонистонро додаанд, ки озодона тариқи он марзро убур кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, “зоҳиран дар Зоҳидони Эрон як гурӯҳе фаъол аст, ки тариқи вилояти Нимрӯзи Афғонистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҷангҷӯёнро ҷалб мекунад.”
Феълан, нисбат ба се шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “зархаридӣ” парванда боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ